Гумонбари ташкили ҳамла ба Charlie Hebdo боздошт шуд
Петер Шериф - гумонбари ташкили ҳамла ба идораи маҷаллаи Charlie Hebdo, моҳи январи соли 2015 дар Порис, ки 12 нафарро қурбон кард, дар шаҳри африқоии Ҷибутӣ боздошт шуд. Матбуоти фаронсавӣ аз оғози раванди истирдоди ӯ ба Фаронса хабар дод.
Талошҳо барои боздошти Петер Шериф, ки ҳамчунин бо тахаллуси Абу Ҳамза шинохта мешавад, аз соли 2011 ҷараён доранд. Ба гуфтаи ниҳодҳои ҳифзи тартиботи Фаронса, ӯ аз охири солҳои 1990 бо бародарон Куашӣ, ки ҳамла ба Charlie Hebdo-ро анҷом доданд, дӯстӣ дошт.
Санаи дақиқи истирдоди Петер Шериф эълон нашудааст.
Ба маълумоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи Фаронса, Шериф дар зинаҳои раҳбарии созмони террористии "Ал-Қоида" мақоми баланд дошт. Ӯ соли 2011 интиқоли исломиҳои Фаронса ба Яманро ташкил кард, ки барои ҳамла ба Аврупо тамрин мегирифтанд. Бародарон Саид ва Шариф Куашӣ дар ҳамин гурӯҳҳо буданд.
Гуфта мешавад, Петер Шериф, ки ҳоло 36-сола аст, аввали солҳои 2000 мусалмонҳоро аз минтақаҳои рушднакардаи Порис ба гурӯҳҳои тундрав ҷалб мекард. Баъди оғози ҷанги Ироқ, соли 2004, Петер Шариф барои ҷангидан дар сафи "Ал-Қоида" ба Ховари Миёна рафт. Ӯро дар Ироқ боздошт ва ба муҳлати 15 сол зиндонӣ карданд. Аммо Шериф аз зиндон фирор карда, аввал ба Сурия ва сипас ба Фаронса баргаршт. Соли 2011 ӯ ба Яман рафт дар онҷо ҳамкориашро бо "Ал-Қоида" идома дод.
7 январи соли 2015 бародарон Куашӣ ба дафтари маҷаллаи танзи Charlie Hebdo дар Порис ҳамла карда, 12 корманди онро ба ҳалокат расонданд. Ҳамлагорон аз тири нерӯҳои зидди террористии Фаронса кушта шуданд.
Charlie Hebdo барои карикатураи пайғамбар Муҳаммад, ки маҷалла борҳо нашр кард, ҳадафи террористҳо қарор гирифт. Маҷалла бо маводҳои таҳрикбарангез шӯҳрат дорад.