Эътирозгарон истеъфои Президенти Сербияро талаб карданд
Рӯзи шанбе дар Белград ҳазорҳо эътирозгар бо талаби истеъфои Президенти Сербия Александр Вучич ҷамъ шуданд. Онҳо муносибати одилона бо мухолифин ва арзёбии мувозини ҳодисаҳо дар расонаҳои давлатиро дар миён гузоштанд.