Шумори қурбониёни тсунамии Индонезия ба 280 нафар баробар шуд. ВИДЕО
Рӯзи 24-уми декабр президенти Индонезия Йоко Видодо аз қисмати ғарбии ҷазираи Ява дидан кард, ки шоҳиди шадидтарин зарбаи сунамӣ шудааст. Мавҷи бузурги об, ки бар асари лағжиши зериобии замин ба амал омадааст, боиси фавти камаш 280 нафар ва хасороти зиёди молӣ гардид. Раҳбари Индонезия эътироф кард, ки барои пешгирӣ аз қурбониҳои зиёд, низоми огаҳӣ аз офат зарур аст. Ӯ гуфт:
"Ҳозир мо наметавонем хулоса барорем. Эҳтимол заминҷунбӣ боиси сунамӣ шуда бошад, вале ин дақиқ нашудааст. Дар оянда агентии ҳавосанҷӣ таҷҳизоти огаҳкунанда тақдим хоҳад кард, ки ҳар нафари алоҳидаро аз офат огаҳ мекунад".
Хадамоти наҷоти Индонезия бо истифода аз техникаи вазнин амалиёти наҷот ва поккории минтақаро давом медиҳанд. То субҳи 24-уми декабр ҷасади камаш 280 нафар ёфт шуд. Агентии ҳавосанҷии Индонезия тасдиқ кардааст, ки фурӯрезии бахше аз вулқони Анак Кракатау боиси сунами ё ҳуҷуми мавҷи 2-3 метраи обҳои уқёнуси Ҳинд ба соҳилҳо шуд. Дар натиҷа, дар фоҷеаи шоми 22-уми декабр дар ҷазираҳои Суматра ва Ява даҳҳо нафар осеб дид. Дар ин офат камаш 1 ҳазор каси дигари ҷароҳат бардошта, наздик ба 12 ҳазор нафар ба ҷойҳои амн интиқол ёфтанд.
Сокинони соҳили Каритаи вилояти Бантени Индонезия иброз доштанд, ки касе онҳоро аз зарбаи сунами огаҳ накард. Мақомот сокинони деҳоти назди обро ба теппаҳо кӯчонидаанд, зеро хавфи сунамии такрорӣ аз байн нарафтааст.
Моҳи сентябри имсол дар натиҷаи заминларза ва сунамӣ дар шаҳри Палу дар ҷазираи Сулавеси - 2500 нафар кушта шуд. 26 декабри соли 2004 сунамии азиме, ки аз Уқёнуси Ҳинд бархост, дар Индонезия, Шри Ланка, Ҳинд ва Таиланд 230 ҳазор нафар ҳалок шуд.