Макрон тасмими Трампро барои ихроҷи нирӯҳои ИМА аз Сурия таассуфовар номид
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар робита ба тасмими ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп барои бурунрафти нирӯҳои ИМА аз Сурия ибрози таассуф кард.
Макрон 23 декабр дар як нишасти хабарӣ дар Чад гуфт, "ҳампаймон бояд боэътимод бошад". "Тасмими гирифташуда дар бораи Сурия хеле таассуфовар аст", - изҳор дошт ӯ.
Президенти ИМА рӯзи чаҳоршанбеи гузашта эълом кард, ки нирӯҳои Амрико тайи ду моҳи оянда аз Сурия бароварда мешаванд. Ба гуфтаи Трамп, нигаҳдории низомиёни ИМА дар минтақа харҷи зиёдеро талаб мекунад ва ҳузури онҳо дар Сурия ба амнияти миллии Амрико нафъе надорад. Низомиёни амрикоӣ дар ҷангҳо зидди гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" курдҳо ва мухолифони мусаллаҳро дастгирӣ мекарданд.
Вазири дифои ИМА Ҷеймс Мэттис ҳафтаи гузашта эълом кард, ки аз мақоми худ истеъфо медиҳад, чун бо тасмими Трамп розӣ нест.