Шумори қурбониёни юриши 8-соатаи ҷангиён дар Афғонистон афзоиш ёфт
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки шумори қурбониёни як ҳуҷуми чандсоатаи ҷангиён ба сохторҳои ҳукуматии ин кишвар, ки 24 декабр рух дод, ба 43 нафар расид. Сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон Ваҳид Маҷрӯҳ гуфт, ки дар ин ҳодиса 25 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҷангиён шоми он рӯз вазорати кор ва дигар сохторҳои ҳукуматиро ҳадаф қарор доданд.
Юриши ҷангиён баъди он рух дод, ки ҳамлагари маргталабе бо истифодаи маводи мунфаҷира худро дар даромадгоҳи вазорати кор тарконд. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилӣ гуфт, ки дар паи задухӯрдҳои ҳаштсоатаи ҷангиён, 350 коргари ҳукуматӣ наҷот дода шуданд. Ба иттилои Раҳимӣ, се ҳамлагари мусаллаҳ дар ҷои ҳодиса кушта шуд. Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале дар гузашта ҳамлаҳои ҳамсонро афроди марбут ба Толибон ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом додаанд.