"Полковник" "сарлашкар" нашуд. Вазорати дифоъ пешниҳоди Кумитаи забонро рад кард
Вазорати дифои Тоҷикистон пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳотро дар мавриди тарҷумаи рутбаҳои ҳарбӣ ба тоҷикӣ комилан рад кардааст. Қаблан Кумитаи забону истилоҳот пешниҳод карда буд, ки барои мисол, “полковник” “сарлашкар” ва “подполковник” “лашкарёр” тарҷума шавад.