Пулиси Миср гуфт, баъди ҳамла ба сайёҳон 40 ҷангҷӯро куштааст
Пулиси Миср мегӯяд, ки дар пайи амалиёте дар он кишвар чиҳил ҷангҷӯро куштаанд.
Вазорати корҳои дохилии Миср рӯзи 29-уми декабр дар баёнияи расмӣ гуфт, чиҳил нафар дар амалиёти ҳамоҳангшудаи нерӯҳои амниятӣ дар се пинҳонгоҳи террористон дар Қоҳира ва шаҳри Синой кушта шуданд.
Бино ба хабари телевизиони давлатии Миср, “унсурҳои террористӣ” қасд доштаанд, ки ба ниҳодҳои давлатӣ, бахши сайёҳӣ, нерӯҳои амниятӣ ва калисоҳо ҳамла кунанд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Миср гуфтанд, пулис миқдори зиёди аслиҳа ва маводи тарканда дарёфту мусодира кардааст.
Амалиёти нерӯҳои пулиси Миср баъди як рӯзи таркиш дар мусофирбаре дар наздикии Аҳроми бостониии Қоҳира сурат гирифт. Дар ин таркиш се сайёҳи хориҷӣ кушта шуда ва 12 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Миср гуфта буд, ки кушташудаҳо сайёҳони бритониёӣ буданд. Захмиҳо ёздаҳ ветнамӣ ва як ронандаи мисрӣ ҳастанд.
Масъулияти ҳамларо то ба ҳол касе ё гуруҳе бар дӯш нагирифтааст. Дар ду соли гузашта бори аввал аст, ки сайёҳони хориҷӣ дар Қоҳира ҳадаф қарор мегиранд.
Нерӯҳои Миср чандин сол боз дар нимҷазираи Синой бо ифротгароён даргир ҳастанд.