Амрико кумаки молӣ ба Узбекистонро се баробар афзоиш дод
Амрико ҳаҷми кумакҳои молиро ба Узбекистон дар ду соли охир се маротиба афзоиш додааст. Дар ин бора дар ҷараёни машваратҳои сиёсии Амрикову Узбекистон дар шаҳри Тошканд кафили ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ Элис Уэллс хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2016 Вашингтон ба Тошканд 10,1 миллион доллар кумаки молӣ расонида буд. Дар соли 2018 ин нишондод ба беш аз 28 миллион доллар расид.
Элис Уэллс гуфт, афзоиши кумакҳои молии ИМА ба Узбекистон ба хотири пуштибонӣ аз барномаи ислоҳоти Тошканд аст.
Элис Уэллс рӯзи 26 феврал бо ҳадафи ширкат дар машваратҳои сиёсии Амрикову Узбекистон вориди Тошканд шуд. Уэллс бо президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев мулоқот кард.