Блогнависи зидди фасод баъди ду сол аз зиндон озод шуд
Блогнависи маъруфи зидди фасод дар Озарбойҷон Меҳмон Ҳусейнов рӯзи 2-юми март аз маҳбас озод шуд. Вай моҳи марти соли 2017 бо ҷурми туҳмат ба мақомоти пулис ба ду соли зиндон маҳкум шуда шуда буд.
Худаш ва ҷонибдоронаш ин ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
Меҳмон Ҳусейнов баъди раҳоӣ аз зиндон ба сари мазори Элмера Ҳусейнова, журналисти озарӣ рафт, ки чаҳордаҳ сол пеш парронда шудааст.
Ҳусейнов гуфт, “ман имрӯз ба инҷо омадам, то мазори журналисти кушташударо зиёрат кунам. Фикр мекунам, бояд журналистоне бошанд, ки роҳи ӯро идома диҳанд. Ва ман барои худам ин роҳро интихоб кардам. Ман дар журналистика роҳи мушкилро пеш гирифтам ва то охираш хоҳам рафт”, - гуфт Ҳусейнов.
Арлем Дезир, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот дар “Твиттер” аз озодии Меҳмон Ҳусейнов ситоиш кард.
Мақомоти Озарбойҷон дар охири соли гузашта алайҳи Меҳмон Ҳусейнов дар заминаи банди “зӯроварии хатарнок ба ҳаёти намояндаи ҳукумат” парванадаи нав дуруст карда буданд. Вале мухолифон бо намоишҳои эътирозӣ ва эълони гуруснанишинӣ ба лағви парванда даъват намуданд.
Додситонии кулли Озарбойҷон охири моҳи январи имсол хабар дод, ки иттиҳоми нав алайҳи блогнависи зидди фасод Меҳмон Ҳусейнов лағв шудааст.