Дар Суғд панҷ зани мутбало ба ВИЧ-ро ба зиндон андохтанд
Дар вилояти Суғд панҷ зани танфурӯш ва мубталои вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ)-ро ба зиндон андохтаанд. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки ин занон дар Хуҷанд ва минтақаҳои атрофи он зиста, “ҳаёти чандин нафарро зери хатар гузоштаанд”. Парвандаи ду зани дигар бо ҳамин иттиҳом дар баррасист.