ВАО: ҳисоби ширкатҳои Венесуела ба бонки Русия интиқол меёбанд
Ҳисоби ширкатҳои Венесуэла дар Русияро ба "Рособоронбанк"- Ширкати молии Русия (РФК) , ки таҳти таҳримҳои ИМА қарор дорад интиқол медиҳанд. Ин қарорро мақомоти Русия баъди машварат бо ҷониби Венесуэла ва доираҳои тиҷоратӣ қабул карданд. Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" рӯзи сешанбе бо такя ба ду манбаи ошно бо раванди музокирот гузориш дод.
Ба гуфтаи яке аз ҳамсӯҳбатҳои хабаргузорӣ, пеш аз ҳама сухан дар бораи ҳисобҳои ширкати давлатии нафти Венесуэла - PDVSA аст. Ин манбаъ аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.
PDVSA- манбаи аслии даромади Венесуэла номбар мешавад. 28 январ мақомоти ИМА ин ширкатро таҳрим ва 7 миллиард доллари онҳро масдуд кард. Ҳамкории ширкатҳои байналмилалӣ бо ин ширкат маҳдуд шудаанд. Ба ин тартиб, Вашингтон мехоҳад Николас Мадуро, ки ИМА ӯро раҳбари қонунӣ намешуморад, натавонад ба даромад аз фурӯши нафт дастрасӣ пайдо кунад.
Миёнаҳои моҳи феврал хабаргузории Reuters гуфт, ки Газпромбанки Русия ҳиосбҳои PDVSA-ро ки таҳти таҳрим қарор гирифтаанд, масдуд кунад. Бонк ин қарорро расман шарҳ надод. Газпромбанк ба дархости РИА "Новости" оиди интиқоли ҳисобҳои Венесуэла ба РФК посух надод.
Рӯзи 1 март Мадуро дастур дод, ки дафтари аврупоии ширкати давлатии нафт дар Лиссабон баста ва ба Маскав интиқол ёбад.
Солҳои ахир Венесуэла ба буҳрони башарӣ ворид шудааст. Соли 2018 нишондоди таварум дар кишвар аз садди 1 миллион дар сад гузашт. Сар аз соли 2018 дар Венесуэла пайваста эътирозҳои хиёбонии зидди президент ҷараён мегиранд. Моҳи январ Хуан Гуайдо дар тазоҳуроти мухолифин худро президенти муваққатии Венесуэла эълон кард ва интихоботи навр ваъда дод.ИМА омодааст маҳдудиятҳоро сабук ва ё лағв кунад, агар ширкати давлатии нафт - PDVSA таҳти назорати Хуан Гуайдо қарор бигирад. ИМА ва шариконаш Гуайдоро раҳбари қонунии Венесуэла мешуморанд. Русия бошад чун пештара Николас Мадуроро президент медонад ва ИМА-ро ба дахолат дар умури Венесуэла муттаҳам мекунад.