Садамаи маргбор бо иштироки писари раиси ноҳияи Муъминобод
Дар як садамаи нақлиётӣ Фирдавс Амиршоев, писари раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Тоҳир Амиршозода, захмӣ ва ҳамсараш ҷон бохтааст.
Манобеъ гуфтанд, ки ҳодиса субҳи 9-уми март, ду километр берун аз ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод, рух додааст. Зану шавҳар ният доштаанд, барои табобат ба Душанбе раванд.
"Ҳамагӣ як сол пеш оиладор шуда буданд. Мошин дар роҳ ба симчӯб бармехӯрад", - афзуд яке аз манбаъҳои мо, ки нахост номаш фош шавад.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, "мошинро каси дигар идора мекард. Фирдавс Амиршоев дар курсии пеш ва ҳамсараш дар курсии қафо нишаста будааст. Худаш каме осеб дида, вале ҳамсараш дар бемористон ҷон додааст."
То кунун на мақомоти расмӣ ва на хонаводаи Амиршоевҳо дар бораи ҳодиса чизе нагуфтаанд.
Фирдавс Амиршоев 24-сола аст ва дар Додситонии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон кор мекунад. Таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст.
Дар гузашта бо иштироки фарзандони чанде аз мансабдорони тоҷик садамаи нақлиётӣ рух дода, бар асари он бархе кушта ва бархе захмӣ шудаанд.
Намунаҳои барҷастаи чунин ҳодисаҳо садамаи маргбор дар моҳи октябри соли 2013 бо иштироки Расули Амонуллоҳ (писари Амонулло Ҳукумов, раиси собиқи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон), ки бо марги се нафар анҷомид ва ҳалокати ду нафар дар натиҷаи садамаи соли 2016 бо иштироки Фаромуз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон мебошанд.
Аммо мақомот ҳамвора гуфтаанд, ин ҳодисаҳо тасодуфӣ буда, ҳар кас метавонад ба он дучор шавад ва фарзанди мансабдорон низ истисно нестанд.