Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2019

Палатаи намояндагони ИМА қонуни зидди Кремл ва Путинро қабул кард

0
Палатаи намояндагони ИМА рӯзи сешанбе бастаи қонунҳоеро қабул кард, ки бар зидди сиёсатҳои хушунатангези Кремл равона шуда, таҳқиқи фасодкории марбут ба фаъолиятҳои президенти Русия Владимир Путинро талаб мекунанд.


Яке аз ин қонунҳо "Санади Кремлин" аст, ки ба ҳадди ақал расонидани дахолати Русия ва маҳдуд кардани шабакаҳои иктишофии он кишвар равона шудааст. Санади мазкур аз роҳбари иктишофи миллии ИМА Дэн Коут талаб мекунад, ки дар давоми 90 рӯз "тасмимҳои сиёсии роҳбарияти Русия" ва хатарҳои эҳтимолии Москва ба ИМА ва НАТО-ро баҳогузорӣ кунад.


Лоиҳаи дигари қонун "Дар бораи шаффофият нисбати Владимир Путин" аст, ки аз иктишофи Амрико талаб мекунад, дар бораи харҷ ва дороиҳои президенти Русия иттилоъ диҳад. Элис Стефаник, намояндаи ҷумҳурихоҳон ва яке аз муаллифони лоиҳаи қонун мегӯяд, Владимир Путин ва ҳампаймонҳои фасодзадаи ӯ талош мекунанд, ки демократияро дар саросари ҷаҳон заъиф созанд. Мудири Хадамоти миллии иктишофии ИМА ҳамроҳ бо котиби давлатӣ ва вазири молия вазифадор шудаанд, ки сар аз рӯзи эътибор пайдо кардани қонун дар давоми 180 рӯз дар бораи дороии шахсии президенти Русия гузориш диҳанд.


Дар Кремл пештар аз ин лоиҳаи қонунро "зӯрзаниҳои русбадбинӣ" номида, даъват карданд, ки он ҷиддӣ гирифта нашавад. Дмитрий Песков сухангӯи президенти Русия гуфт, "мумкин аст, Путин аз ин ташаббус огоҳ набошад".


Моҳи июли соли 2017 роҳбари бунёди Hermitage Capital Уилям Браудер дар Сенати ИМА гуфт, ки президенти Русия яке аз доротарин одамони сайёра аст. Браудер дороиҳои Путинро 200 миллиард доллар арзёбӣ кард.






Губернаторы России





Губернаторы России
103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media


103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости




Спорт в России и мире



Новости Крыма на Sevpoisk.ru



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России