Дар Белград эътирозгарон қароргоҳи президентро муҳосира карданд
Эътирозгарон дар шаҳри Белград, пойтахти Сербистон бинои қароргоҳи президенти ин кишвар Александр Вучичро ба муҳосира гирифтанд.
Дар дохили бино воҳиди махсуси пулис ҳузур дорад, вале то ҳол бар зидди эътирозгарон аз нирӯ кор нагирифтааст.
Бино ба маълумоти ахир, Александр Вучич низ дар дохили бино аст. Пештар ӯ дар як нишасти хабарӣ ба муҷозоти эътирозгароне ваъда дод, ки ба бинои телевизиони давлатии он кишвар ҳамла карданд.
Вучич мухолифони сиёсии худро ба истифодаи хушунат ва бетартибиҳо айбдор карда, раҳбари эътирозгарон Бошко Обрадович аз ҳизби миллии "Двер" ва шаҳрдори пешини Белград Драган Ҷиласро "фасодкор"-у "фашист" номид. Ӯ ҳамчунин сӯиқасд ба озодии расонаҳоро ғайри қобили қабул хонд.
Шоми 16 март дар Белград , ҳамчунин шаҳрҳои Ниш ва Нови Сади ин кишвар бо талаби истеъфои президент Вучич ва эълони интихоботи нав гирдиҳамоӣ баргузор шуд.
Эътирозгарон муваққатан бинои телевизиони давлатии RTS-ро ишғол карданд, аммо бо гузашти чанд муддат пулис тавонист онҳоро аз бино берун кунад. Чанд нафар дастгир шуд.
Мухолифон телевизиони давлатии Сербистонро ба бозтоби якҷонибаи хабарҳо айбдор карданд.