Нерӯҳои демократии Сурия аз шикасти комили ДИИШ хабар дод
Нерӯҳои демократии Сурия (SDF) ба раҳбарии курдҳо аз шикасти ҷангҷӯёни гуруҳи "Давлати исломӣ" дар шарқи ин кишвар хабар дод. Ин гуруҳ, ки аз ҳимояти Амрико бархӯрдор аст, рӯзи 23-юми март гуфт, охирин қаламрави таҳти тасарруфи ДИИШ-ро дар шарқи Сурия озод кардааст.