Дар Қирғизистон пешниҳод карданд, ки номи пойтахтро Манас гузоранд
Раҳбари пешини дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки номи шаҳри Бишкек, пойтахти ин кишвар, ба Манас иваз карда шавад. Манас қаҳрамони мардуми Қирғизистон аст. Дар ин бора рӯзи 24-уми март бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.
Эмилбек Каптагаев дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук гуфтааст, номи ноҳияи Свердлови пойтахтро Бишкек хоҳанд гузошт, то пурра аз ёдҳо наравад. Вай гуфтааст, ҳоло ки фурсат ҳаст, ин масъала баррасӣ ва ниҳоӣ шавад, то бо гузашти солҳо эҳсоси пушаймонӣ накунанд.
Дар шарҳи ин матлаб бархе аз корбарон аз пешниҳоди табдиди номи Бишкек ба Манас тавсиф карда ва онро дурусту саривақтӣ донистаанд. Аммо бархеи дигар мухолифи он баромадаанд.
Пешниҳоди табдили номи пойтахти Қирғизистон дар пайи иваз шудани номи пойтахти Қазоқистон аз Остона ба Нурсултон садо дод.
Қосимҷомарт Тоқаев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қазоқистон рӯзи 23-юми март қарореро имзо гузошт, ки бар асоси он номи пойтахти ин кишвар Нурсултон аст. Инро ба хотири президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гузоштаанд, ки рӯзи 19-уми март баъди сӣ соли дар сари қудрат будан ба истеъфо рафт.
Пойтахти Тоҷикистон дар гузашта номи Сталинободро дошта ва баъдан ба Душанбе иваз шудааст.