Вазорати дифои Русия ҳалокати 3 низомияш дар Сурияро тасдиқ кард
Дар Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе тасдиқ карданд, ки охирҳои моҳи феврал се низомии рус дар натиҷаи "ҳамлаи террористҳо" ҷон бохта, ҷасади онҳо ба ватан интиқол ёфт.
Вазорат мегӯяд, аз замони дарёфти хабари бедаракшавии се низомияш корҳои ҷустуҷӯии бидуни танаффус идома доштанд. "Дертар дар доираи амалиёти махсус гуруҳи иборат беш аз 30 ҷангӣ маҳв карда шуд, ки дар ҳамла ба низомиёни рус даст доштанд", - афзудааст ин ниҳод.
Русия амалиёти низомӣ дар Сурияро тирамоҳи соли 2015 оғоз кард. Президент Владимир Путин баҳори соли 2016 қисми асосии нирӯҳои Русияро аз Сурия берун оварда, охирҳои соли 2017 фармони ихроҷи сарбозони рус аз ин кишварро содир кард. Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло дар Тартус ва Хмеймим гуруҳи низомиёни рус мустақар ҳастанд.
Дар Сурия 23 феврал майори рус Суҳроб Каримов бедарак шуд. Мошине, ки ӯ ҳамроҳи чанд афсар дар он буд, дар Дайр-аз-Зор мавриди ҳамла қарор гирифт. Мақомоти рус ба наздикони Каримов дар ин бора хабар додаанд, вале бедаракшавии ӯро расман эълон накарданд. Ин низомии рус бори охир 22 феврал ба хонаводааш занг зада буд. Чанд рӯз баъд аз Вазорати дифои Русия ба хонаводаи Каримов занг зада, аз онҳо хостаанд, ки озмоиши ДНК бисупоранд. Зеро дар натиҷаи ҳамла ба мошини Каримову ҳамроҳонаш танҳо пораҳои ҷасадро пайдо кардаанд. Дертар ба наздикони Каримов гуфтаанд, ки натиҷаҳои озмоиш мувофиқ набаромаданд.
Бино ба иттилои расмии Вазорати дифои Русия, аз 30 сентябри соли 2015 дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар Сурия беш аз 40 низомии рус кушта шуд. Ҳамчунин 50 тани дигар дар пайи суқути чархболу ҳавопаймоҳои Русия ҷон бохт. Ба ин рақам шумори зархаридони кушташудаи ширкати низомии хусусии "Вагнер" шомил намешаванд.