Пентагон барои бунёди девор дар марзи Мексика $1 миллиард ҷудо кард
Вазорати дифои Амрико барои бунёди бахше аз девор ба дарозои 91 километр дар марз бо Мексика 1 миллиард доллар ҷудо кард. Дар ин бора Патрик Шанаҳин, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Пентагон рӯзи 25-уми март хабар дод.
Қаблан Конгресс тахсиси 6 миллиард доллар барои бунёди девори марзиро, ки президент Доналд Трамп дар чаҳорчӯби мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир дархост карда буд, рад намуд.
Моҳи феврал Трамп гуфт, барои ба даст овардани маблағи боқимонда аз буҷа вазъи изтирориро эълон мекунад. Конгресс ба вазъи изтирорӣ мухолифат кард, аммо Трамп ба ин қарор вето гузошт.
Охири соли гузашта талаби Трамп барои ҷудо шудани маблағи девор ба "шатдаун" ё қатъ шудани фаъолияти муассисаҳои давлатӣ расонд, ки 35 рӯз идома кард ва тӯлонитарин дар таърихи Амрико номида шуд.
Ба маълумоти The Washington Post, Трамп тасмим дорад, барои бунёди девор 5 миллиардро аз буҷаи Вазорати амнияти дохилӣ ва 3,6 миллиардро аз буҷаи Пентагон дарёфт кунад.
Тасмими бунёди девор дар марзи Мексика аз ваъдаҳои Доналд Трамп дар интихоботи соли 2016 буд. Шиори "деворро ба итмом мерасонем" акнун аз шиорҳои муҳими маъракаи ӯ барои интихоби дуборааш дар соли 2020 аст.