Фаъолони ҳуқуқ аз Султон Очилова пуштибонӣ карданд
Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, ситодаш дар Ню Йорк, аз мақомоти Турманистон даъват кард, ки мамнуъияти сафари журналист Султон Очилова ба хориҷи кишварро лағв ва таъқиби рӯзноманигорони мустақилро бас кунанд.
Очиловаро рӯзи 11 март ҳангоми сафар ба Гурҷистон дар фурӯдгоҳи Ишқобод манъ карданд. Ба ӯ гуфта шуд, ки барои сафар ба хориҷ ҳақ надорад.
Қаблан "Хабарнигорони бидуни марз" низ аз мақомоти Туркманистон даъват карданд, ки ба таъқиби хабарнигорон хотима диҳанд.
Султон Очилова хабарнигори пешини бахши туркмании Радиои Озодӣ аст. Очилова борҳо аз тарафи пулис боздошт шуда, борҳо мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст. Ӯ ҳоло барои нашрияи "Хуроника Туркменистана" кор мекунад.
Фаъолони ҳуқуқи башар Туркманистонро яке аз кишварҳои баста ва ноозоди ҷаҳон меноманд. Аз рӯи шохиси Озодӣ, ки онро "Хабарнигорони бидуни марз" таҳия мекунанд, Туркманистон дар байни 180 кишвар дар ҷойи 178 қарор дорад. Мақомот хабарнигорони мустақилро, ки теъдодашон зиёд нест, ба таври муназзам таъқиб мекунанд.