Додгоҳ як сарбозро барои марги ҳамхизматаш 4 сол аз озодӣ маҳрум кард
Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе як сарбози вазорати дифои Тоҷикистонро ба "вайронкунии қоидаҳои муносибат бо силоҳ", ки боиси ҳалокати як ҳамхизматаш шуд, айбдор намуд ва ӯро барои чаҳор сол равонаи зиндон кард.