Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2019

"Наврӯз гузашт, ҳанӯз бебарқем мо". ВИДЕО

0

"Ваъда карданд, ки то Наврӯз барқро медиҳем, хурсанд шудему интизор будем, аммо надоданд. Дар маҳалли мо корҳои таъмирию профилактикӣ нагузаронидаанд ва ба ин бовар надорам, ки қатъи нерӯи барқ анҷоми чунин корҳо бошад. Ҳар шаб соати 22 барқро хомӯш мекунанд, акнун кӣ бовар мекунад, ки нисфи шаб корҳои таъмирию профилактикӣ анҷом мешавад?",-мегӯяд Мирзоумар Раҷабов, як сокини маҳаллаи Зафари ноҳияи Рӯдакӣ.

Деҳаи Зафари ноҳияи Рӯдакӣ дар шафати маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва мисли аксар шаҳру ноҳияҳо бо реҷа барқ мегиранд. Мирзоумар Раҷабов, рӯзи 28-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ илова кард, дар як шабонарӯз 18 соат барқашонро қатъ мекунанд ва танҳо 6 соат - 4 соат шаб ва 2 соат рӯзона барқро мебинанду халос. Ӯ гуфт, дар солҳое, ки маҳдудияти барқ бо шиддат ҷорӣ буд, дар моҳи март дар манзилҳояшон барқ пурра буд. 

"Дар зимистон барқ доштем, аз аввалҳои март ҳамин хел шуд, нақша нагирифта будем, ки дар ин вақт бебарқ мемонем, бори аввал аст, ки ин хел мешавад, бисёр мушкил аст бебарқӣ, ҳоло дар баҳор, ки барқ нест, намедонем дигар чӣ кор кунем, як каме дигар ҳезум харидем, кӯдакон акнун баҳонаашонро ёфтанд, барқ нест дарс тайёр намекунем мегӯянд, либосҳояшон дарзмол накарда ба мактаб мераванд, аз гарм кардани об то путхтупазу дигар корҳоро қисман бо газ мекунем ва қисман бо алови ҳезуму тапак. Хараҷот хеле зиёд аст",-мегӯяд Мирзоумар Раҷабов.

Ҳамсӯҳбатамон таъкид намуд, ки дар рӯзҳои ҷашни наврӯзӣ низ манзилҳояшон бебарқ буд ва аз тамошои чорабиниҳои наврӯзӣ ва дигар хабарҳо бенасиб мондаанд. Ӯ гуфт, масъулини барқ ба онҳо ваъда дода буданд, ки то Наврӯз мушкили бебарқӣ ҳал мешавад, вале ҳамоно ин мушкил боқӣ мондааст ва касе шарҳ намедиҳад, ки кай аз бебарқӣ халос хоҳанд шуд.

Муштариён ба "профилактика"-и "Барқи тоҷик" бовар надоранд

Шикоятҳо аз қатъи нерӯи барқ на танҳо дар маҳаллаҳои атрофи Душанбе, балки дар аксар минтақаҳои кишвар миёни сокинон садо медиҳад. Маҳдудияти нерӯи барқ дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон аз аввалҳои моҳи март оғоз шуд. 

Дар пай расонаӣ шудани шикояту нигарониҳои сокинон, ширкати "Барқи тоҷик" миёнаҳои моҳи март бо пахши изҳороти расмӣ сабаби қатъи қувваи барқро иҷрои корҳои таъмирию профилактикӣ арзёбӣ намуда, гуфта буд, ки мушкили интиқоли нерӯи барқ то ҷашни Наврӯз пурра аз байн бардошта мешавад.

Аммо бо гузашти ҷашни Наврӯз ҳоло ҳам қатъи нерӯи барқ мисли ҳафтаҳои пеш идома дорад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӣ "Барқи тоҷик" масъалаи то ҳол идома ёфтани қатъи нерӯи барқро шарҳ надод, вале як масъули ин ниҳод танҳо гуфт, ки ҳанӯз ҳам нақшаи бурдани корҳои таъмирию прфилактикӣ идома дошта, дақиқ нест, қатъи нерӯи барқ кай анҷом меёбад.

Дар шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд,  нақшаи дар кадом соатҳо қатъи нерӯи барқу бурдани корҳои таъмирӣ ба онҳо расидааст, вале дар бораи аноҷми маҳдудияти барқ феълан хабаре нест. Чанд тан аз сокинони манотиқи мухталифи кишвар, ки дар маҳаллаҳояшон барқро қатъ мекунанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки анҷоми корҳои таъмириро дар трансформатору симчӯбҳояшон мушоҳида накардаанд. Мо ҳам дар баъзе маҳаллаҳое, ки бо ин баҳона барқашон хомӯш буд, кормандони ширкати "Барқи тоҷик"-ро во нахӯрдем.

Чаро барқ нест?

Ҳарчанд масъулини "Барқи тоҷик" маҳдудияти барқро корҳои таъмирию профилактикӣ унвон мекунанд, вале бархе аз огоҳон мегӯянд, сабаб дигар аст. Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодии нашрияи "Азия Плюс", ки масъалаҳои энержиро пайгирӣ мекунад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба боварии ӯ маҳдудияти барқ коҳиши оби обанбори Норак, яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон мебошад, на корҳои таъмирию профилактикӣ. "Оне ки профлактика мегӯянд, ҳатто кӯдак бовар намекунад"-,афзуд Чоршанбиев.

Соли гузашта мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" аз захираи кофии об дар обанборҳои нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон хабар дода буданд, аммо коршиносон мегӯянд, дар ним соли ахир мизони боришот дар кишвар андак буд ва миқдори зарурии об ба обанборҳо ворид нашудааст ва эҳтимол мушкил аз он ҷо сарчашма мегирад.

Зимнан, моҳи ноябри соли 2018 Тоҷикистон чархаи нахустини нерӯгоҳи "Роғун"-ро фаъол сохт ва дар маҷмӯъ соли гузашта нерӯгоҳҳои кишвар 19 миллиарду 742 миллион киловатт соат нерӯи барқ тавлид кардаанд. Ин рақам нисбат ба як соли қабл як миллиарду 628 миллион соат киловатт соат нерӯи барқ бештар аст. Ҳамзамон соли гузашта Тоҷикистон ба Узбекистону Афғонистон ва Қирғизистон 2 миллиарду 406 миллион киловатт соат нерӯи барқ содирот кардааст.

Бо фаъол гардидани чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" умеди сокинон ба дарёфти барқи бештар зиёд шуд, аммо ҳоло дар фасли баҳор аз набуди он шикоят мекунанд.

Рустам, сокини ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, онҳо сари вақт ҳаққи истифодаи нерӯи барқро пардохт мекунанд ва вақте барқ қатъ мегардад, масъулини низоми энержии кишвар бояд дақиқ шарҳ диҳанд, ки сабаб дар чист ва то кай мушкили дастрасӣ ба нерӯи барқ идома хоҳад ёфт?





Губернаторы России
Москва

Мэр: Порядка 20 новых ЖК передали под заселение по программе реновации с начала года





Москва

Компании Группы "Интеррос" взяли ряд наград премии FINAWARD


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Мэр: Порядка 20 новых ЖК передали под заселение по программе реновации с начала года



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Певица

Певица Бузова поцеловала Даву на съемках шоу "Сокровища императора"




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о популяризации спорта

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть

Only Bet – бесплатные прогнозы на спорт


ATP

Российский теннисист Сафиуллин опустился на две позиции в рейтинге ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Компании Группы "Интеррос" взяли ряд наград премии FINAWARD



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России