Додситони кулл гуфт, 9 корманди маҳбаси Хуҷанд дар курсии айбдоршавандаҳо нишастаанд
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки аз рӯи парвандаи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд 33 зиндонӣ ва инчунин 9 кормандони маҳбас ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Оҷонсии “Азия-Плюс” гуфт, ки рӯзи 29 март зимни суханронӣ дар палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки мурофиаи кормандони зиндон дар шаҳри Хуҷанд пушти дарҳои баста ҷараён дорад ва дар миёни айбдоршавандаҳо инчунин собиқ раиси зиндон низ мебошад. Ҳамаи онҳо бар асоси моддаҳои “хунукназарие, ки аз баэҳтиётӣ боиси марги инсон ваё дигар паёмадҳои сангин шудааст” муҳокима мешаванд.
Парвандаи ошӯб дар зиндон мӯҳри махфӣ дорад ва то кунун мақомоти сохторҳои интизомӣ дар ҳолатҳои хеле кам ҷузъиёти ҳодисаҳои шаби 7 ба 8 ноябрро шарҳ додаанд.
Ба иттилои расмӣ, ошӯб дар зиндони низомаш сангин, ки макони нигаҳдории маҳкумшудаҳо барои ифротгароиву терроризм мебошад, давоми чанд соат идома кард ва мақомот тавонистанд, аз ҷумла бо даъвати нирӯҳои ОМОН, онро фурӯ нишонанд. Дар ин ҳодисаҳо 25 нафар кушта шуд, аз ҷумла, 21 зиндонии ширкатдори ошӯб, 2 корманди зиндон ва 2 зиндоние, ки бо маъмурияти маҳбас ҳамкорӣ кардаанд. Дар шарҳи расмии сабабҳои ошӯб мақомот гуфтанд, ки зиндониҳо талош карданд аз маҳбас фирор кунанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, бадрафторӣ ва шиканҷаи маҳбусон сабаби сар задани ошӯб шуда буд.
Таҳқиқи ин ҳодисаро, ки пурқурбонитарин дар таърихи зиндонҳои Тоҷикистон гуфта мешавад, додситонии кулли кишвар ба роҳ монд. Ҷузъиёти ин ҳодиса барои матбуот ва ҷомеа то охир рӯшан нашудааст ва хешовандони зиндониҳо ҳам мегӯянд, ки дар бораи ҷараёни мурофиа, сарнавишти наздикон ва ҳам дастрасии айбдоршавандаҳо ба вакили дифоъ иттилое надоранд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон тақозо карданд, ки ин парванда шаффофу одилона баррасӣ шавад.