"Барқ нест". Мақомот хостанд, сокинон $100 млн қарзро баргардонанд
Мақомот сабаби камбуди нерӯи барқ дар як моҳи охир дар кишварро шарҳ надода, баръакс, аз сокинон хостаанд, ки пули барқи ба нася гирифтаашонро зудтар супоранд.
Масъулони “Барқи тоҷик” рӯзи 29-уми март дар як муроҷиати расмӣ гуфтанд, сокинон аз ширкат як миллиард сомонӣ, муодили сад миллион доллари амрикоӣ, қарздоранд.
Бисёре аз сокинон бо ин иддао розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, мисли чанд соли пеш мардум аз пардохти пули барқ намегурезанд, балки баъзеҳо ба пешпардохти он гузаштаанд.
Аммо нигаронии сокинон аз ин аст, ки "Барқи тоҷик" як моҳ боз интиқоли нерӯи барқро шадидан маҳдуд карда, вале вуҷуди лимитро расман эътироф намекунад. Тайи як моҳи охир даҳҳо нафар аз камбуди шадиди нерӯи барқ шикоят карданд.
Ширкати “Барқи тоҷик” дар муроҷиати худ ба мардум гуфтааст, аз ин ба баъд ба хотири як муштарии қарздор аз барқ як деҳаву ҷамоат метавонад аз рӯшноӣ маҳрум шавад. “Дар натиҷаи зам шудани қарзҳо, моро лозим меояд, деҳаҳои алоҳида, ҷамоатҳо, шаҳраку микрорайонҳоро аз нерӯи барқ маҳрум кунем”, - омадааст дар матни муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик”.
Ба қавли мақомот, дар сурати истифодаи дуруст ва сари вақт пардохт шудани маблағи барқ тамоми мушкил дар ин соҳа ҳал мешавад. Ин ширкат бори дигар маблағи барқро аз пуле, ки сокинон барои ҳар дақиқаи сӯҳбатҳои телефонӣ пардохт мекунанд муҳим донистааст.
Қаблан ширкати “Барқи тоҷик” бо пахши изҳороти расмӣ сабаби қатъи қувваи барқро “иҷрои корҳои таъмирию профилактикӣ” арзёбӣ карда буд. Мақомот гуфтанд, мушкили интиқоли нерӯи барқ то ҷашни Наврӯз пурра аз байн бардошта мешавад, аммо вазъ то ҳанӯз бетағйир мондааст.