Дар Бурней ҳамҷинсгароҳоро қатл мекунанд. Клунӣ ба таҳрими меҳмонхонаҳои султон даъват кард
Ҳунарманди синамо Ҷорҷ Клунӣ даъват кард, ки меҳмонхонаҳои мақомоти Бруней дар ИМА ва Аврупо таҳрим ё бойкот шаванд. Ин кишвар барои ҳамҷинсгароӣ ва зино ҳукми қатл ҷорӣ мекунад, ки тавассути сангсор татбиқ мешавад. Қонуни марбута рӯзи 3 апрел ба иҷро медарояд.
Дар сутуни муаллифиаш дар нашрияи Deadline Клунӣ аз 10 меҳмонхонае ном бурд, ки ба сохторҳои таҳти назорати султони Бруней таалуқ доранд. Ин муассисаҳо дар Лондон, Лос-Анҷелес, Порис, Милан ва шарҳои дигар ҷойгир шудаанд.
Ҷорҷ Клунӣ таъкид кард, "ҳарчанд дар ин меҳмонхонаҳо одамони меҳрубон ва посухгӯ кор мамекунанд, вале маблағҳое, ки муштариҳо дар ин меҳмонхонаҳо сарф мекунанд, ба ҷайби онҳое меравад, ки мехоҳанд шаҳрвандонашонро барои зино ва ҳамҷинсгароӣ ба қатл расонанд.
"Бруней - салтанат аст ва албатта ягон таҳрим ё бойкот наметавонад ба қонунҳои ин кишвар таъсир гузорад, вале магар мо муваззаф ҳастем, ки барои поймол кардани ҳуқуқи инсон пул пардозем?"- навиштааст Ҷорҷ Клунӣ.
Фаъолони ҳуқуқи инсон борҳо мақомоти Брунейро барои таъқиби ҳамҷинсгароҳо танқид кардаанд. Ҳоло дар ин кишвар қонуне ҷорӣ аст, ки инсонҳоро барои ҳамҷинсгароӣ ба муҳлати 10 сол зиндонӣ мекунад. Amnesty International даъват кард, ки қонуни шадидтар аз ин оҷилан манъ шавад.