Ҳамла ба телевизиони украинӣ таҳқиқ мешавад
Дафтари матбуоти пулиси Киев бо нашри баёнияе гуфт, ки онҳо пас аз хабар додани ҳамсояҳо дар бораи таркиш ба маҳалли ҳодиса ба ноҳияи Шевченкивски омадаанд. Ҳодиса соати тақрибан чаҳори бомдод рух додааст. Касеро то кунун дастгир накардаанд ва тафтиш идома дорад. Бахше аз бино дар натиҷаи таркиш осеб дидааст.
Шабакаи 112 рӯзе пештар аз ҳамла бо нашри як муроҷиатнома аз мақомоти интизомии Украина хост, ки телевизионро аз “худсарии миллатгароёни ифротӣ” муҳофизат кунанд, ки ба гуфтаи телевизион “бо зӯру таҳдид мехоҳанд, ба сиёсати таҳририи шабака таъсир гузоранд ва барои манофеи муайяни сиёсӣ моро ба даст кашидан аз меъёрҳои ҷаҳонии хабарнигорӣ маҷбур кунанд.”
