Чаро шоҳдухтар Ҳаё аз қасри Дубай ва ҳамсари шоираш гурехт?
Фирори ҳамсари хурдии сарвазири Имороти Муттаҳидаи Араб ва хоҳари шоҳи Урдун ба Ғарб моҷарои байнулмилалӣ ангехт. Шоҳдухтар Ҳаё бинти Ҳусейни 45-сола ҳамсари худ ва ҳукумати Иморотро дар таҳдид, шиканҷа ва зӯран маҳдуд кардани озодиҳо, аз ҷумла, озодиҳои хешовандонаш, муттаҳам кардааст.