Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июль
2019

Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон - рақибони Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон

0
Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон - рақибони Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023, ки рӯзи 17-уми июл дар қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) - шаҳри Кула-Лумпури Малайзия - доир гардид, дар гурӯҳи “F” бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон аввалин бозиашро 5-уми сентябр дар Душанбе бо тими миллии Қирғизистон баргузор менамояд. Футболбозони тоҷик дар даври дуюм 10-уми сентябр дар меҳмонӣ муқобили мунтахаби Муғулистон бозӣ хоҳанд кард.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюм озод аст. Дар даври чаҳорум 15-уми октябр дар майдони худ бо мунтахаби Ҷопон рӯбарӯ мешавад. Бозии даври охирини давраи аввалро мунтахаби Тоҷикистон 14-уми ноябр дар сафар бо тими Мянмар анҷом медиҳад.

Давраи дуюми мусобиқот 19-уми ноябр шуруъ мешавад. Дар ин рӯз футболбозони тоҷик дар Бишкек бо мунтахаби Қирғизистон рақобат хоҳанд кард.

Се бозии дигарро мунтахаби Тоҷикистон соли 2020 анҷом медиҳад. Дар даври ҳафтум 26-уми март мунтахаби Муғулистонро пазироӣ менамояд. Дар даври ҳаштум футболбозони тоҷик истироҳат мекунанд. Дар даври нӯҳум мунтахаби Тоҷикистон 4-уми июн меҳмони мунтахаби Ҷопон мешавад. Ва, ниҳоят, дар даври охирин футболбозони тоҷик 9-уми июн дар майдони худ бо мунтахаби Мянмар бозӣ хоҳанд кард.

Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар бораи гурӯҳи “F” чунин ибрози назар кардааст:  

– Ба мо гурӯҳи хуб афтид. Мнтахаби Ҷопон хеле пурқувват аст, яке аз дастаҳои беҳтарини қора ба шумор меравад. Дастаҳои дигар низ хубанд, вале ба онҳо зӯрамон мерасад. Мо аллакай ба омухтани рақибонамон шуруъ кардем. Мекӯшем дар ҳамаи бозиҳои марҳилаи интихобӣ бо тамоми қувва бозӣ карда, натиҷаи мусбат ба даст биёрем. Ба назари ман дар гурӯҳи мо рақиби суст нест. Ҳамаи дастаҳо мекӯшанд, ки вазифаи баромадан ба марҳилаи  баъдии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро ҳал намоянд. Бинобар ин, мо ба ин мусобиқа ҳамаҷониба омодагӣ мебинем.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ 40 даста ба 8 гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ тақсим шудааст. Мусобиқа дар ду давра доир мешавад. Марҳилаи дуюми интихобӣ 5-уми сентябри соли 2019 шуруъ шуда, 9-уми июни соли 2020 ба анҷом мерасад.

Ғолибони ҳашт гурӯҳ ва чаҳор дастаи натиҷаҳояшон беҳтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи сеюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, инчунин ба Ҷоми Осиё-2023  роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи сеюми қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дувоздаҳ даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад. Аз рӯи натиҷагирии он ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, ки дар Қатар баргузор мегардад, роҳ пайдо мекунанд.

24 дастае, ки ба даври сеюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон роҳ намеёбанд, барои 12 роҳхати дигар ба Ҷоми Осиё-2023 мубориза мебаранд.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022: 

Гурӯҳи «А»: Чин, Сурия, Филиппин, Молдив, Гуам.

Гурӯҳи «В»: Австралия, Урдун, Тайбэйи Чин, Кувайт, Непал.

Гурӯҳи «С»: Эрон, Ироқ, Баҳрайн, Ҳонконг, Камбоҷа.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Фаластин, Яман, Сингапур.

Гурӯҳи «Е»: Бангладеш, Умон, Ҳиндустон, Афғонистон, Қатар.

Гурӯҳи «F»: Ҷопон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Мянмар, Муғулистон.

Гурӯҳи «G»: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ветнам, Тайланд, Малайзия, Индонезия.

Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Шри-Ланка.

 

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F»:

Даври 1-ум

5 сентябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 2-юм

10 сентябр (сешанбе)

Муғулистон –  Тоҷикистон

Даври 4-ум

15 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Ҷопон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянмар – Тоҷикистон

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон –  Тоҷикистон

Даври 7-ум

26 марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Даври 9-ум

4 июни соли 2020 (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон

Даври 10-ум

9 июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 5 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

МакSим

Аномалия как у МакSим. Младенец с шестью пальцами попал в больницу




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер


WTA

Повернення Калініної до топ-50 та втрачені позиції Світоліної. Оновлені тенісні рейтинги WTA та ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Дизайнер Наталья Душегрея выпустила капсульные коллекции Весна-Лето 2024



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России