HRW: Дар Қазоқистон кӯдакони маъюб ба меҳнати иҷборӣ ҷалб мешаванд
Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch 17 июл бо нашри як гузориш гуфт, дар муассисаҳои давлатии Қазоқистон садҳо ҷавону кӯдаки дорои имконияти маҳдуд мавриди зӯроварӣ ва хушунат қарор дошта, ба онҳо иҷборан доруҳои психотропӣ дода мешавад.
HRW бо истинод ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон хабар додааст, ки дар ин кишвар барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд 19 муассисаи давлатӣ фаъолият мекунад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бештари тарбиятгирандагони ин муассисаҳо ҳадди ақал падар ё модар доранд.
Кормандони муассисаҳои мазкур тасдиқ кардаанд, ки барои ором кардани кӯдакон аз доруҳои психотропӣ истифода мекунанд ва агар тарбиятгирандагон нофармонӣ кунанд, онҳоро ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ интиқол хоҳанд дод. Ба гуфтаи муаллифон, доруҳои мазкур барои бехобӣ ва таскини дардҳои сахт пешбинӣ шудааст ва дар сурати истеъмоли он одам то якшабонарӯз хоб меравад.
Чандин тарбиятгирандаи қазоқ гуфтаанд, ки мураббиён онҳоро бо ашёи ба монанди асо ва пайкора латтукӯб мекунанд. Ба гуфтаи кӯдакон, кормандони муассисаҳо онҳоро ба шӯстани фарш ва нигоҳубини тарбиятгирандагони аз худашон хурд маҷбур мекунанд.
"Ҳукумати Қазоқистон бояд барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ва волидонашон шароити заруриро муҳайё кунад, то онҳо ба монанди қишри боқии ҷомеа зиндагӣ карда тавонанд", гуфтааст пажӯҳишгари HRW дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ Мира Риттман.