FIFA ба Алишер Ҷалилов иҷоза дод, ки дар мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад
Алишер Ҷалилов, нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ба таври расмӣ ҳуқуқи дар тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бозӣ карданро пайдо кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.