Ҳамла ба дафтари Амрулло Солеҳ дар Афғонистон
Бино ба гузоришҳо афроди мусаллаҳ ба қароргоҳи Амрулло Солеҳ номзад ба мақоми муовини раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамла кардаанд. Ҳамла рӯзи 28-уми июл дар нахустин рӯзи маъракаи интихоботии раёсати ҷумҳурӣ сурат гирифт. Қарор аст, интихобот рӯзи 28-уми сентябр баргузор шавад. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки афроди мусаллаҳ баъди таркиши бомб дар назди дафтари Амрулло Солеҳ, ба бино ворид шудаанд. Худи ӯ, ки дар гузашта сардори Раёсати амнияти миллии Афғонистон буд, беосеб аз маҳалли ҳамла берун оварда шудааст. Нусрат Раҳимӣ сухангӯи вазорати умури дохилӣ гуфт, ки даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҳамлаварон идома дорад.