"Нисбати Шаҳбоз Раҷабзода ягон парванда оғоз нашудааст"
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, нисбати Шаҳбоз Раҷабзода, собиқ раиси Терминали рақами 1-и Душанбе, ки аз ҷониби раиси ҷумҳур сахт интиқод шуд, ягон парванда оғоз нашудааст.