Ҳарду бозии дастаҳои ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон мусовӣ шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 18-солаи футболи Тоҷикистон ҳарду бозии дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби якхелаи 1:1 анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.