Ҳизби ҳокимро пирӯзи интихобот, ҳизби мухолифро шикастхӯрда эълон карданд. ВИДЕО, ИНФОГРАФИКА
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихоботи порлумониро эълон кард ва ҳамонгуна, ки интизор мерафт, ҳизби ҳокимро пирӯз эълон намуд. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, ин натиҷаро намепазирад.