Гирифторӣ ба коронавирус дар Аврупову Амрико рӯ ба афзоиш аст
Дар ҳоле ки тавсеаи сирояти короновисрус дар Чин заифтар мегардад, нигарониҳо дар кишварҳои Ховари Миёна, Аврупо ва ИМА аз афзоиши он ба назар мерасад. Вазъи гирифторӣ ба ин беморӣ дар Кореяи ҷанубӣ, Эрон, Италия ва Ҷопон нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Рӯзи 3-юми март Эрон гузориш дод, ки дар ин кишвар 2336 нафар гирифтори короновирус буда, дар маҷмӯъ 77 кас ҳалок шудаанд. Аз ҷумла 23-узви порлумони Эрон ва раиси Хадамоти изтирории ин кишвар гирифтори короновирус шудаанд. Дар Италия шумораи қурбониҳо аз короновирус ба 77 нафар расидааст.
Дар саросари олам беш аз 92 ҳазор нафар мубталои короновирус буда, беш аз 3100 нафар вафот кардаанд. Короновирус дар моҳи декабр дар Чин зуҳур намуд ва тахминан 95 дарсади гирфиторони беморони COVID +19 сокинони Чин мебошанд.