Демократия дар ҷаҳон: Тоҷикистон дар миёни "бадтаринҳо". Мақомот розӣ нестанд
Созмони Freedom House дар гузориши наве оид ба вазъи озодиҳои сиёсӣ ва демократия дар ҷаҳон, Тоҷикистонро дар миёни 49 давлати "ноозод" ва дар қатори даҳ кишвари "бадтарини бадтаринҳо” ҷой додааст. Мақомоти тоҷик дар гузашта ҳеч гоҳ танқидҳои ин созмонро қабул накарда, дур аз воқеият донистаанд.