Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2020

Нокомии 5 муштзани тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Урдун

0
Нокомии 5 муштзани тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Урдун

Дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс, ки дар пойтахти Урдун – Аммон – ҷараён дорад, панҷ варзишгари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 маҳрум шуданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон 12 варзишгар  - 8 мард ва 4 зан - дохиланд. Панҷ нафари онҳо - 3 мард ва 2 зан - аввалин рақобати худро бохтанд.

Дар сабқати мардон Мирзомуҳаммад Бахтиёр дар даври аввал дар вазни то 75 кило аз Ҷинҷеа Ким аз Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд. Шуҳрат Сабзалиев дар вазни то 52 кило аз Енхмандах Хархуу аз Муғулистон ва Шералӣ Мамадалиев дар вазни то 69 кило аз Нурсултон Маматалӣ аз Қирғизистон бинобар афзалияти равшани рақибонашон шикаст хӯрданд.

Дар сабқати занон Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило дар даври дуюм аз Ский Николсон аз Австралия бо ҳисоби 0:5 ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило дар даври аввал аз Йеонҷӣ Оҳ аз Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:5 ноком шуданд.

Имрӯз, 5-уми март, Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило дар даври дуюм бо Санил Шаҳӣ (Непал), Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило дар даври дуюм бо Файзуллоҳ Аюбӣ аз Афғонистон, 6-уми март  Давлат Болтаев дар вазни то 91 кило бо Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон, Сиёвуш Зуҳуров дар вазни беш аз 91 кило бо Леуила Мауу аз Зеландияи Нав ва 7-уми март Бахтовар Сагизов дар вазни то 57 кило дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг рақобат мекунанд.

Дар сабқати занон 6-уми март Нилуфар Бобоёрова дар вазни то 69 кило бо Байсон Маникон аз Тайланд ва 7-уми март Сумайя Қосимова дар вазни то 51 кило бо Реим Ҳамдан Мансур Ал-Мриҳел аз Урдун қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни занон) сурат гирифтааст, 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) то рӯзи 11-уми март талош меварзанд.

Дар сабқати қоравии мардон шаш ҷойи аввали вазнҳои 52, 57, 63 кг ва вазни 51 кг миёни занон, 5 ҷойи аввали вазнҳои 69, 75, 81 кг байни мардон, 4 ҷойи аввали вазнҳои 91, +91 кг миёни мардон ва 57, 60, 69, 75 кг миёни занон ба Бозиҳои олимпӣ роҳ пайдо мекунанд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин посетил фестиваль "Москва – на волне. Рыбная неделя"





Москва

POMPEYA и O! МАРГО выступят на фестивале «НЕБО»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин посетил фестиваль "Москва – на волне. Рыбная неделя"



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

МакSим

Аномалия как у МакSим. Младенец с шестью пальцами попал в больницу




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

МегаФон привёз спасателям и пожарным грузовик связи


Виктория Азаренко

Андреева назвала важнейшей в карьере победу над Азаренко на "Ролан Гаррос-2024"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Источник 360.ru: закрытую в машине москвичку спасли с затопленной парковки



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России