Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2020

Муборизаи 3 муштзани тоҷик барои роҳхати олимпӣ

0

Муштзанҳои тоҷик Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев ва Сумая Қосимова, ки дар даври чорякниҳоии мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс дар шаҳри Аммони Урдун шикаст хӯрданд, муборизаро барои роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар даври тасаллобахш идома медиҳанд.

Баҳодур Усмонов 9-уми март дар даври чорякниҳоӣ дар вазни то 63 кило аз Обада Муҳаммад Мустафо Алкасбеҳ аз Урдун бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд. Зимнан, Баҳодур Усмонов порсол дар финали қаҳрамонии бокси Осиё Алкасбеҳро шикаст дода буд. Ин дафъа рақибаш интиқом гирифт ва соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.

Дар ин вазн ба ҷуз аз чаҳор нафаре, ки ба нимфинал роҳ пайдо карданд, боз ду роҳхат дода мешавад. Бинобар ин, ба иттилои сомонаи olympicchannel.com, Баҳодур Усмонов 11-уми март барои роҳхати олимпӣ дар даври тасаллобахш бо Ашкон Ризоӣ аз Эрон, ки дар чорякфинал аз Зокир Сафиуллин (Қазоқистон) бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд, мубориза мебарад.

Шоми душанбе боз як муштзани тоҷик - Сумая Қосимова – дар сабқати занон дар даври чорякниҳоӣ дар вазни то 51 кило аз Чанг Юан аз Чин бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд. Дар ин вазн шаш роҳхат ҷудо шудааст. Ҳамакнун Сумая барои роҳхати олимпӣ дар даври тасаллобахш 11-уми март бо Ириш Магно аз Филлиппин, ки дар чорякфинал аз Мери Ком Ҳмангте аз Ҳиндустон бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд, талош мекунад.

 

Шаббос Неъматуллоев, ки дар даври чорякниҳоӣ дар вазни то 81 кило аз қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2019 Бекзод Нурдавлатови қазоқ бо ҳисоби 0:5 мағлуб гашт, барои роҳхати олимпӣ 10-уми март бо Йомхот Ҷаккапонг аз Тайланд мубориза мебарад. Муштзани тайландӣ дар чорякфинал аз Одаи Риёд Одил Алҳиндавӣ аз Урдун бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд. Дар ин вазн панҷ роҳхат ихтисос дода шудааст.  

Муштзани дигари тоҷик Давлат Болтаев, ки дар чорякфинал дар вазни то 91 кило қувваозмоиро ба барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро ва ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии ҷаҳон Василий Левит бо ҳисоби 0:5 бохт, аз роҳхат бенасиб монд. Зеро ки дар ин вазн чор роҳхат ҷудо шудааст, ки ба ширкаткунандагони даври ниманиҳоӣ тақсим шуд.

Ба ин тартиб, аз 12 муштзани тоҷик (8 мард ва 4 зан) се нафар – Баҳодур Усмонов, Сумая Қосимова ва Шаббос Неъматуллоев -муборизаро барои роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 идома медиҳанд.  

Муштзанҳои дигари тоҷик Шуҳрат Сабзалиев ( 52 кг), Бахтовар Сагизов (57 кг), Шералӣ Мамадалиев (69 кг), Мирзомуҳаммад  Бахтиёр (75 кг), Давлат Болтаев (100 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (беш аз 91 кг) дар сабқати мардон, Миҷгона Самадова (57 кг), Шоира Зулқайнарова (60 кг) ва Нилуфар Бобоёрова (69 кг) дар сабқати занон аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳхати олимпӣ маҳрум шуданд.

Дар мусобиқаи интихобии Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни занон) сурат гирифтааст, беш аз 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) то рӯзи 11-уми март талош меварзанд.

Тибқи низомнома дар ин мусобиқа миёни бонувон дар вазни то 51 кг шаш нафар, дар вазнҳои то 57, 60, 75 кг чорнафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои то 52, 57, 63 кг шашнафарӣ, дар вазнҳои то 69, 75, 81 кг панҷнафарӣ ва дар вазнҳои то 91 кг ва беш аз 91 кг чорнафарӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 мушарраф мешаванд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, бар дӯши гурӯҳи махсуси КБО вогузор шудааст.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Виктор Цой

Песни Виктора Цоя исполнит оркестр в Хабаровске




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Четырёх футболисток самарских "Крыльев" сняли с поезда за дебош

Онлайн-лекторий «Иннагрика»: подкасты с учеными и экспертами об агротехе доступным языком

Два проекта Первый Бит отмечены дипломами финалистов конкурса «BPM-проект года»


WTA

Повернення Калініної до топ-50 та втрачені позиції Світоліної. Оновлені тенісні рейтинги WTA та ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Электромобиль Xiaomi SU7 начали продавать в России



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России