Бист сол зиндагии як оила дар вагон
Муҳаббат Ҷонакова ва Бобохон Беков, сокинони ноҳияи Кушониён, ҳамроҳ бо фарзандон 20 сол боз дар гӯшаҳои гуногуни вилояти Хатлон, гоҳ дар вагону гоҳ дар бошгоҳҳои саҳроӣ ва гоҳе дар анборҳо иҷоранишинанд. Аз панҷ фарзанд якеро дар хонаи модари Муҳаббат Ҷонакова бузург кардаву ба шавҳар додаанд.