Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2020

Гуштигирӣ ва аспдавонӣ дар "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе. САДО

0
Гуштигирӣ ва аспдавонӣ дар

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе рӯзҳои 21-22-юми март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт - 2020» доир мегардад. Ҳарду чорабинии варзишӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз бахшида мешавад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Раҳматшо Камолов, мудири Муассисаи давлатии раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, имрӯз, 18-уми март, хабар дод.

Ӯ гуфт, “рӯзи 21-уми март, соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ бо ширкати зӯртарин паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар барпо мегардад. Дар «Наврӯзгоҳ» рӯзи 22-юми март, соати 14:00 пойгаи аспдавонӣ бо ҷалби аспсаворони беҳтарин ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ доир хоҳад шуд. Ғолибон бо тӯҳфаҳои кумитаи тадорукоти мусобиқот сарфароз мегарданд.”

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани ин мусобиқаҳо аз буҷаи шаҳрдорӣ 190500 сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст. Бо тасмими шаҳрдорӣ мақомоти дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор кардани чорабиниҳо бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз вазифадор шудаанд.

«Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми пойтахт», ки 13-уми март дар майдончаҳои  Федератсияи футболи Тоҷикистон шуруъ шуд, то 17-уми апрел идома хоҳад кард», - гуфт Раҳматшо Камолов.

Бояд гуфт, ки бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба ғайр аз гуштии миллӣ, аспдавонию бузкашӣ, инчунин баргузории мусобиқоти идона аз рӯи намудҳои маъмули варзиш, ба мисли баскетболу волейбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, дастхобонӣ, тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмоту шашка ва ғайра ба ҳукми анъана даромадааст.

Мардуми тоҷик анъанаҳои бостонӣ ва хеле бойи варзишӣ дорад. Ба навъҳои варзиши миллӣ гуштигирӣ, камонварӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ, асптозӣ, найзаандозӣ, пойга, тирандозӣ ва ғайра шомиланд. Гуштии миллӣ дар байни ин намудҳо мақоми хос дорад ва дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз баргузории сабқати паҳлавонӣ яке аз суннатҳои Наврӯзист.

Инчунин дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар ҳар чор ноҳияи пойтахти кишвар мусобиқот оид ба намудҳои мухталиф барпо мегардад.





Губернаторы России
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

The Beatles

100 лучших сольных песен The Beatles - 6




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Четырёх футболисток самарских "Крыльев" сняли с поезда за дебош

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Два проекта Первый Бит отмечены дипломами финалистов конкурса «BPM-проект года»


Елена Рыбакина

Елене Рыбакиной поставили неожиданный «диагноз»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

В исторических парках покажут любимые мультфильмы от СТС Kids ко Дню защиты детей



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России