Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2020

Қурби сомонӣ дар баробари доллар 5% поин омад. Бонки миллӣ шарҳ дод

0
Қурби сомонӣ дар баробари доллар 5% поин омад. Бонки миллӣ шарҳ дод

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми март қурби сомониро дар баробари доллари амрикоӣ якбора панҷ дарсад поин овард ва ҳоло 100 доллар расман ба 1020 сомонӣ баробар аст. То ин дам сад доллар 970 сомонӣ муайян шуда буд.

Поин бурдани қурби сомонӣ дар ҳолест, ки чанд рӯз инҷониб бонкҳои тиҷоратӣ аз фурӯши доллар ба ниёзмандон дар Тоҷикистон худдорӣ варзида, корбарони Радиои Озодӣ аз боло рафтани қурби доллар дар бозори ғайрирасмӣ хабар медоданд.

"Шинокунандаи танзимшаванда"

Бонки миллии Тоҷикистон пас аз 5 дарсад поин овардани қурби сомонӣ дар баробари доллар, онро "тасҳеҳи якдафъаина" номид ва гуфт, паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон "бевосита таъсири манфии худро расонд".

Дафтари матбуоти Бонки миллӣ дар иттилоияе гуфт, аз аввали сол то 19-уми март сомонӣ дар баробари доллар 0,6 дарсад қурби худро аз даст додааст. Бонк эътироф кард, ки қурби фурӯши доллари нақд дар бозори ғайрибонкӣ 6,2 фоиз баланд шуда, аз 9 сомониву 79 дирам дар аввали сол то ба 10 сомониву 40 дирам ба санаи 19-уми март боло рафтааст.

"Тасҳеҳи якдафъаина" ба иддаои Бонки миллӣ боис ба афзоиши интиқоли маблағҳо тавассути бонкҳо мешавад ва доираи "фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ"-ро маҳдуд месозад.

Ишораи Бонки миллӣ ба ҳаннотон афроди алоҳидае аст, ки пинҳонӣ ба хариду фурӯши асъор машғуланд. Зоҳиран қисме аз ниёзмандон барои хариди асъор ба саррофони пинҳонӣ рӯ меоранд.

Дар Тоҷикистон фаъолияти нуқтаҳои саррофии мустақил манъ ва хариду фурӯши асъори хориҷӣ аз ҷониби афроди алоҳида берун аз деворҳои бонкҳои расмӣ манъ шудааст ва ҷавобгариро дар пай дорад.

Вазъи шарикони иқтисодии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кардааст, реҷаи қурбии "шинокунандаи танзимшаванда"-ро пеш мебарад ва афзудааст, қурби асъори шариконии асосии тиҷоратии кишвар низ зери фишор ҳастанд. Аз ҷумла, рубли русӣ дар баробари доллар 24,7 дарсад қурби худро аз даст додааст.

Уфти қурби рубл дар баробари доллар дар пасманзари ба шиддат арзон шудани нафт, манбаи асосии даромади Русия, сурат гирифт. Арзиши як бушка нафти навъи Brent рӯзи 19-уми март дар бозорҳои ҷаҳонӣ то ба 28 доллар поин омад.

Беш аз 80 дарсади арзи хориҷӣ ба Тоҷикистон бо рубли русӣ ворид мешавад. Рубл воситаи асосии хариди доллар барои бонкҳои Тоҷикистон аст. Бонкҳо рублҳои фиристодаи муҳоҷиронро ба сомонӣ табдил карда, ба хонаводаҳояшон медиҳанд ва бо ин рублҳо аз бонкҳои Русия доллар мехаранд.

Ҳамчунин, қурби рубли Беларус – 15,8 дарсад, тангаи Қазоқистон – 14,8 дарсад, лираи Туркия – 8,6 дарсад ва соми Қирғизистон – 4,7 дарсад нисбат ба доллар коҳиш ёфтаанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году





Москва

Сотрудники Росгвардии задержали устроившего стрельбу с балкона мужчину в Подмосковье 


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

Бутман: Путин продолжает играть в хоккей для поддержания спортивной формы




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ

При поддержке MR Group прошел полумарафон «ЗаБег.РФ»

Марафон серий «Команды МАТЧ» на телеканале «СуперГерои» ко Дню защиты детей


Ролан Гаррос

"Ролан Гаррос" стартовал в Париже



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Лидер движения «Всеармянский фронт» Аршак Карапетян 24 мая 2024 года встретился с членами Координационного совета российско-армянских организаций России и политологами



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России