Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2020

Хуруҷи коронавирус мушкили муҳоҷиронро бештар кард

0
Хуруҷи коронавирус мушкили муҳоҷиронро бештар кард

Русия, бинобар хуруҷи коронавирус ва пеш омадани вазъи фавқулодда, иҷозат дод, ки муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламраваш дароз карда шавад. Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 19-уми март хабар дод, ки ба шаҳрвандоне, ки бе виза вориди Русия шудаанд, иҷоза дода мешавад, будубошашонро дар қаламрави ин кишвар тамдид кунанд. Ҳатто агар муҳлати сабти иқомати онҳо ба анҷом расида бошад.

Дароз кардани муҳлати будубош яке аз талабҳои асосии муҳоҷирони тоҷик буд, ки мегуфтанд наметавонанд барои дуруст кардани санадҳояшон аз марзи Русия хориҷ шуда, дубора баргарданд.  Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар пайи баста шудани марзҳои Русия онҳо наметавонанд аз ин кишвар берун шаванд. Чун агар марзи Русияро тарк кунанд, то 1-уми май дубора бозгашта наметавонанд.

Вазорати умури дохилии Русия гуфтааст, муҳоҷирон акнун бе убури марзи Русия метавонанд барои гирифтани патент муроҷиат кунанд ва онҳо барои нақзи муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд. Русия вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандро то 1-уми май ба қаламраваш манъ кард. Ин кор ба гуфтаи мақомоти рус бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вируси нави COVID-19 мебошад.

 

Диловар Норов, муҳоҷири 22-солаи тоҷик мегӯяд, хуруҷи коронавирус дар Русия мушкили онҳоро бештар кард. Ин муҳоҷир гуфт, тамдиди муҳлати будубош як мушкили аслии он буд, ки ҳоло ҳал шуд. Аммо ба гуфтаи ин муҳоҷир, "ҳоло ҳар қадам тафтиш мекунанд, камтар таб дошта бошӣ, ба кор намегиранд. Бечора баъзе муҳоҷирон зуком мешаванд, онҳоро дигар ба ҷойи кор роҳ намедиҳанд ва мегӯянд, ки рафта ду ҳафта дар хона ист ва баъд ба иҷозаи духтур биё".

Нигаронии муҳоҷирон аз пешомади корашон дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, дар фикри ҳалли мушкили ин қишр ҳастанд.

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 19-уми март пеш аз эълони мақомоти Русия дар бораи тамдиди муҳлати будубоши муҳоҷирон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, бо мақомоти рус дар ин масъала гуфтугӯ доранд ва бовар дорад, ки рӯзҳои наздик ин масъала ҳал мешавад. Ҷаноби Сатторӣ гуфт, "мо хоҳиш кардем шаҳрвандоне, ки муҳлати иқоматашон ба охир расидагӣ аст дар муҳлати карантин депорт нашаванд ё дар рӯйхати мамнуъшудагон ворид нашаванд. Инро аз ҷониби ҳукумати Русия мефаҳманд ва қарори зарурӣ имрӯз то фардо бояд барояд".

Тасмими ахири мақомоти Русия дар бораи манъи вуруди хориҷиҳо танҳо муҳоҷирони дар ин кишвар бударо нигарон накардааст. Дар дохили Тоҷикистон садҳо нафар ин шабу рӯз барои рафтан ба муҳоҷират омодагӣ медиданд ва акнун роҳашон баста аст. Бештари муҳоҷирони тоҷик, ки Русия теъдоди онҳоро беш аз як миллион ва Тоҷикистон ним миллион мегӯяд, асосан дар фасли баҳор барои кор ба Русия мераванд. Аммо ҳоло ба ҷуз аз онҳое, ки шаҳрвандии Русия ё ҳаққи иқомат дар ин кишварро доранд дигар муҳоҷирон ҳаққи ба Русия рафтанро надоранд.

Масъале, ки ба гуфтаи Бахтиёр Зоҳидов, як сокини 32-солаи вилояти Суғд, нақшаи ӯ ва дӯстонашро ба ҳам зад. Ин муҳоҷир мегӯяд, маблағи соли гузашта овардаашон тамом шуд ва тоза аз бонк барои рафтан ба муҳоҷират қарз гирифта буд. "Роҳ маҳкам аст. Одамҳое, ки захира доранд хуб, онҳое ки надоранд гову гусфандашонро фурӯхта хурдан мегиранд. Дар деҳа ҳам корҳои сохтмон нест, ки ақалан чойпулӣ шавад. Фақат як роҳ аст ба мардикорбозор рафтан",-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Хуруҷи коронавирус ба ҷуз аз Русия вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистонро низ вазнин кардааст. Қазоқистон дуввумин кишвар баъди Русия аст, ки муҳоҷирони тоҷик барои кор ба онҷо мераванд. Дар Қазоқистон низ вируси нави COVID- 19 хуруҷ карда, мақомоти қазоқ дар кишвар карантин ҷорӣ кардаанд ва хуруҷу вуруд ба ду шаҳри асосии ин кишвар Нурсултон ва Алмаато низ сахт зери назорат аст. Ҳаракати мардум дар ин ду шаҳр маҳдуд шуда, корхонаву муассисаҳо баста шудаанд.

Амирҷон Давлатов, як муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон мегӯяд, онҳо низ дар вазъияте мондаанд, ки агар ин кишварро тарк кунанд, дубора дохил шуда наметавонанд. Ин муҳоҷир гуфт, онҳо дар чойхона кор мекарданд, ки бо ҷорӣ шудани карантин дари ҳамаи онҳоро бастанд. "Чӣ маблағе доштем, ҳамаашро барои хариду зисти ин якмоҳа карантин истифода мебарем",-мегӯяд Амирҷон.

Муҳоҷирони ҳамсӯҳбати мо дар Русия ва Қазоқистон мегӯянд, ҳоло танҳо талошашон барои он аст, ки ҷойи кори худро ҳифз карда, ихроҷ нашаванд. Аммо муҳоҷироне, ки дар Тоҷикистон ҳастанд мегӯянд, пешомади корашон норӯшан аст ва умеди ягонаашон ҳарчӣ зудтар боз шудани роҳ ба Русия аст.

Солона аз Тоҷикистон зиёда аз як миллион нафар ба Русия ба муҳоҷират мераванд ва маблағи фиристодаи онҳо барои иқтисоди кишвар муҳим гуфта мешавад. Соли гузашта муҳоҷирон ба ватан 2,6 миллиард доллар фиристоданд, ки баробар ба 33 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аст. Бархе коршиносон аз ҳоло мегӯянд, агар роҳи муҳоҷирон ҳарчӣ зудтар ба Русия боз нашавад, иқтисоди Тоҷикистон осеб мебинад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин анонсировал старт летнего сезона «Спортивных выходных»





Москва

Эксперт сенсационно раскрыл загадку Мессинга и Жириновского.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Три из пяти участков новой трассы на юго-западе Москвы завершены — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Кажетта Ахметжанова

Кажетта Ахметжанова рассказала о пользе кристаллов в обычной жизни




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ

Марафон серий «Команды МАТЧ» на телеканале «СуперГерои» ко Дню защиты детей

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть


Сюзанн Ленглен

Последний танец Надаля и юбка Сюзанн Ленглен: 6 важных фактов о «Ролан Гаррос»-2024



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


News Every Day

‘Please don’t play that at matches next season’, beg Luton fans after Coldplay reveal new song for Hatters at festival



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России