Мурофиаи Отамбоев бо сабаби бад шудани саломатиаш ба таъхир уфтод
Додгоҳе дар Бишкек рӯзи 23 март муҳокимаи парвандаеро, ки яке аз гумонбаронаш собиқ президент Алмосбек Отамбоев аст, ба мӯҳлати дигар гузаронд. Қундуз Ҷолдубоева, яке аз гумонбарон ва собиқ ёвари Отамбоев гуфт, ки қарори ба таъхир гузоштани мурофиаи додгоҳӣ ба бад шудани саломатии собиқ президент рабт дорад.
Ҷолдубаева гуфт, “баъд аз зӯҳр фишори хунаш паст шуд. Инро духтури боздоштгоҳи КДАМ, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, тасдиқ кард. Мурофиаи баъдӣ 30 март барпо мешавад”.
Қаблан вакили дифоъ Замир Ҷоошев дар муроҷиат ба раиси Додгоҳи олии Қирғизистон Гулбар Қалиева дархост кард, ки бо сабаби таҳдиди паҳншавии коронавирус ва ҳолати фавқулодда дар Қирғизистон, ба ҷуз парвандаҳои фавқулодда муҳим дигар муҳокимаҳо ба таъхир гузошта шаванд.
Рӯзи 23 март дар Бишкек қарор буд мурофиаи додгоҳии собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва 13 гумонбари дигар шурӯъ шавад. Ин нафарон барои муқовимат ба ходимони полис дар соли гузашта дар як ихтилофи сари боздошти Отамбоев дар хонааш гумонбар мешаванд. Додгоҳи ноҳияи Якуми Маи шаҳри Бишкек гуфт, ки мурофиа дар пушти дарҳои баста мегузарад. Алмосбек Отамбоев дар нақзи чанд моддаи Кодекси Ҷиноии Қирғизистон, аз ҷумла, барои дар соли 2003 аз зиндон озод кардани як раҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ гумонбар мешавад. Моҳи августи соли гузашта, баъди он ки ӯ се даъвати мақомоти тафтишотӣ барои ҳозир шудан ба вазорати умури дохилиро рад кард, намояндагони мақомот ба хонааш барои боздошти ӯ рафтанд, вале собиқ президент дар ҳавлиаш бо даҳҳо тарафдорон сангар гирифта давоми ду рӯз монеи вуруди мақомот ба хонааш шуданд ва ин муқовимат ба хушунат печид. Дар натиҷа, афсари амниятӣ Усенбек Ниёзбекови 47-сола кушта ва 170 нафар, аз ҷумла 79 ходими амниятӣ ҷароҳат бардоштанд. Отамбоев ва 13 нафари дигар дар куштор, сӯиқасд ба куштор, таҳдид ба ходими давлатӣ, гаравгонгирӣ ва ғасби қудрат аз роҳи зӯр гумонбар шуданд. Ҳамаи гумонбарон гуфтанд, ки бегуноҳ ҳастанд ва иттиҳомот зидди онҳо дорои ангезаҳои сиёсӣ аст. Панҷ гумонбари дигар ба ҳамкорӣ бо тафтишот розӣ шуданд ва мурофиаҳои онҳо ҷудогона барпо мешавад.