Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2020

Нигарониҳо аз вирус даҳҳо нафарро дар Тоҷикистон муваққатан "бекор" кард

0
Нигарониҳо аз вирус даҳҳо нафарро дар Тоҷикистон муваққатан

Бархе аз ширкатҳо ва муассисаҳои Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз паҳн шудани коронавирус фаъолиятро маҳдуд карда, кормандонашонро ба рухсатии бемузд фиристодаанд. 

Ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон – "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ва чаҳор фурудгоҳи байналмиллалии кишвар бештаре аз кормандони худро ба рухсатии иҷбории бемузд фиристоданд. Намояндаҳои ин ширкатҳо ба Радиои Озодӣ рӯзи 23-уми март гуфтанд, ки чунин иқдом баъди он гирифта шуд, ки парвозҳои хориҷӣ ба Тоҷикистонро барои пешгирӣ аз ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирус рӯйи даст гирифта шудааст. Ба гуфтаи онҳо, танҳо теъдоде аз кормандони сари кор мондаанд, ки дар сурати зарурӣ аз нерӯи онҳо истифода хоҳад шуд.

Меҳмонхонаи "Ҳаят реҷенсӣ" дар Душанбе низ дар вебсайти худ гуфтааст, ки дар фаъолияти худ маҳдудиятҳоеро роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи намояндагони  меҳмонхона, камбуди сайёҳон онҳоро водор кардааст, ки ба чунин иқдом даст зананд. Манбаъ афзуд, ки роҳбарияти меҳмонхона рӯзи душанбеи 23-юми март дар ҷаласаи худ тасмим гирифт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ фаъолиятро қатъ накунанд ва ба бозсозии биноҳо машғул шаванд.

Барномаи зиддибӯҳронии ҳукумат?

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, то ҳол дар кишвар ҳеҷ мавриди сирояти коронавирус сабт нашудааст. Сайфулло Сафаров, собиқ муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ки ҳукумат барномаи фаъолият дар шароити бӯҳронии вобаста ба бемории коронавирусро таҳия кардааст, ҳарчанд ҳеҷ ниҳоди давлатӣ дар ин бора чизе нагуфтаанд. Умед Давлатов, як масъули Маркази таҳқиқоти стратегӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки беморӣ ба бештаре аз бахшҳои иқтисоди ҷаҳонӣ зарба задааст ва Тоҷикистон низ таъсири манфии онро эҳсос хоҳад кард. 

Ба гуфтаи Давлатов, пандемияи беморӣ бештар ба ҷаҳонгардӣ ва ҳавонавардӣ зарба зад, вале изҳори умедворӣ кард, ки авзоъ ба зудӣ мисли пеш аз давраи беморӣ мешавад: "Умедворем, ба зудӣ ин мушкил аз байн бурда мешавад ва арсаи сайёҳӣ дубора ба вазъи пешина бармегардад".

Тоҷикистон, ки даромади аслии он аз фурӯши алюминий, пахта ва интиқолҳои пулии муҳоҷирони корӣ дар Русия аст, рушди ҷаҳонгардиву туризмро яке аз ҳадафҳои муҳими стратегияи рушди кишвар то соли 2030 унвон кардааст. Соли 2018, ба иттилои расмӣ, аз Тоҷикистон беш аз 1 миллион меҳмони хориҷӣ дидан карда, буҷаи давлатӣ аз ин ҳисоб тахминан 23 миллион доллар фоида дидааст.

То ҳол дар саросари ҷаҳон коронавирус ё бемории шабеҳи илтиҳоби шуш ба 308 ҳазор нафар сироят карда, 13 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд. Тақрибан 100 ҳазор нафар шифо ёфтаанд. Дар Қазоқистону Узбекистон ва Қирғизистон даҳҳо мавриди сирояти беморӣ ошкор шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистону Туркманистон мегӯянд ҳеҷ мавриди сирояти ин бемориро сабт накардаанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: В июне в Москве пройдет цикл мероприятий для собак и их владельцев





Москва

В Подмосковье сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже товаров из магазина


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: В июне в Москве пройдет цикл мероприятий для собак и их владельцев



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Александр Розенбаум

Пугачева, слова об СВО, суд из-за пива: как живет певец Александр Розенбаум




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Бойцовская лига «Наше Дело» представит спортивную зону на Дне России

При поддержке MR Group прошел полумарафон «ЗаБег.РФ»

Марафон серий «Команды МАТЧ» на телеканале «СуперГерои» ко Дню защиты детей


Андрей Рублёв

Теннисист Рублев объяснил, почему проиграл сет в первом круге "Ролан Гаррос"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Интернет

Терминал сбора данных (ТСД) промышленного класса SAOTRON RT42G



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России