Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2020

Ихтилофи Ғанӣ ва Абдуллоҳ. Амрико $1 млрд аз кӯмакҳояш ба Афғонистонро қатъ кард

0
Ихтилофи Ғанӣ ва Абдуллоҳ. Амрико $1 млрд аз кӯмакҳояш ба Афғонистонро қатъ кард

Вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри як баёния, ки лаҳни он ниҳоят шадид мебошад, аз идомаи ихтилофҳо байни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавриди натиҷаҳои интихоботи президентӣ, интиқод кардааст. Ин баёнияи Вазорати умури хориҷии Амрико ин ихтилофҳоро "таҳдид алайҳи амнияти миллии ИМА" хондааст.

Вазорати умури хориҷии Амрико дар ин баёния гуфтааст, ки як миллиард доллар кӯмакҳои худро барои Афғонистон қатъ мекунад. Вашингтон шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ташкили як "ҳукумати фарогир ва мушорикат дар раванди сулҳ", дар кӯмакҳои як миллиарддолларии худ бознигарӣ хоҳад кард.

Ин баёнияи Вазорати умури хориҷии Амрико пас аз он нашр шуд, ки Майк Помпео пас аз ҳафт соат мулоқоту гуфтугӯҳо дар Кобул, Афғонистонро тарк кард ва ба Давҳа -- пойтахти Қатар рафт. 

Оқои Помпео дар Кобул бо Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот намуд. Тибқи гузоришҳо, Вазири умури хориҷии Амрико бидуни онки дар мавриди гуфтугӯҳояш бо Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ чизи бигӯяд, Кобулро тарк кард.

Майк Помпео рӯзи душанбеи 23-юми март барои ҳалли ихтилофҳои сиёсии ахир ворид Кобул шуд. Аммо ба гузориши "Ассошиэйтед пресс", ҳавопаймои ҳомили Вазири умури хориҷии Амрико бидуни эълони натиҷа аз рафъи итхтилофҳои сиёсӣ, Кобулро тарк кард.

Қаҳҳор Обид, раиси дафтари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нишастҳои рӯзи душанбе бенатиҷа анҷом ёфт. Ӯ афзуд, ки хостаҳои онҳо мавриди пазириш қарор нагирифтааст. 

"Нишасти муштарак сурат гирифт ва поён ёфт. Дар он, тағйири сохтор, ки аз ҷониби мо матраҳ шуда буд, аз сӯи оқои Ғанӣ қабул нашуд. Бинобар ҳамин, нишаст ҳам бидуни натиҷа поён ёфт". Раиси дафтари Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавриди хости мушаххасашон дар бораи тағйири сохтор, ҷузъиёти бештар ироа накард.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, Ашраф Ғанӣ дар мулоқоташ бо Майк Помпео дар бораи раванди сулҳ ва вазъи амниятӣ ва сиёсии Афғонистон гуфтугӯ карданд. Аммо манбаъ дар бораи баҳс роҷеъ ба ҳалли ихтилофҳои сиёсӣ чизе нагуфтааст.

Як мақоми Вазорати умури хориҷии Амрико, ки Майк Помпеоро дар ин сафар ба Афғонистон ҳамроҳӣ мекард, ба хабарнигорон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир онҳо нигаронанд, ки агар бӯҳрон дар зудтарин фурсат ҳал нашавад, раванди сулҳ ва гуфтугӯҳо барои поён ёфтани ҷанги 40-сола, халалдор хоҳад шуд.

Кашмакашҳои интихоботи президентии соли дар Афғонистон Вашингтонро нигарон кардааст, ки сулҳи бадастомада бо Толибонро зери хатар қарор медиҳад. Ду ҳафта пеш Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросимҳои ҷудогона дар Кобул савганди президентӣ ёд карданд.

Танишҳои сиёсӣ миёни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз он боло гирифт, ки Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон оқои Ғаниро барандаи интихоботи президентӣ эълом кард. Аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ онро напазируфт ва ҳукумати худашро эълон кард.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

В филиалах АО "Желдорреммаш" прошли мероприятия ко Дню защиты детей


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Тимати

«Звездач»: рэпер Тимати приобрел мотоцикл за 3,1 млн рублей




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Дмитрий Вязьмикин – тренер по индивидуальной подготовке молодежного футбола «Локо»

Баскетболисты из Лобни завоевали золото на турнире Moscow Open

Среди сотрудников уголовно-исполнительной системы Республики Дагестан определили лучшего гроссмейстера


Ролан Гаррос

Синнер повторил достижение Джоковича и Надаля по победам на "Больших шлемах"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Дивный новый мир цифровизации: в Москве пройдет Форум «Время цифры»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России