IMF дархости Қирғизистонро барои кӯмаки изтирорӣ баррасӣ мекунад
Сандуқи байналмилалии пул дар як блогаш навишт, ки дархости ҳукумати Қирғизистонро барои дарёфти ёрии изтирории молӣ барои муқобила бо вируси фарогири Ковид-19 баррасӣ хоҳад кард. Ба эҳтимоли зиёд, ин аввалин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ мешавад, ки барои муқобила бо коронавирус аз созмони байналмиллии молии воқеъ дар Вашингтон кӯмак мегирад. Дар блоги СБП дар бораи ҳаҷми маблағи дархостӣ чизе гуфта намешавад. То ҳол даҳҳо кишвари ҷаҳон аз Осиёи Марказиву Ховари Миёна барои кӯмаки изтирорӣ дар муқобила бо паҳншавии вирус ба СБП муроҷиат кардаанд. Аризаи ҳукумати Қирғизистонро ҳафтаи ҷорӣ баррасӣ хоҳанд кард. СБП мегӯяд, ки барои баррасии аризаҳои кишварҳо дар амри ироаи кӯмаки молӣ аз чандин усул истифода мекунад. Ин ниҳод ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки омода аст барои кишварҳои мухталиф то 1 триллион доллар кӯмакро барои муқобила бо паёмадҳои иқтисодии коронавирус пешниҳод кунад.
Кристалина Георгиева, мудири иҷроияи СБП дар изҳороти рӯзи 23 марташ гуфт, ки то ҳол тахминан 80 кишвар барои дарёфти кӯмак муроҷиат кардаанд. Рӯзи 24 март мақомоти Қирғизистон дар Бишкек ва чанд минтақаи дигари осебдида аз коронавирус ҳолати изтирорӣ ҷорӣ карданд.