Як занро барои поён андохтани "баклашка" дар Душанбе ба ҷавобгарӣ кашидаанд
Мақомоти интизомии Душанбе як занеро, ки аз ошёнаи 10-уми бинои баландошёнае ба поин зарфҳои пластикӣ партоб кардааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст. Дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Душанбе рӯзи 25-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Нозанин Тиллоеваро барои риоят накардани қоида ва меъёрҳои беҳдоштӣ ва санитариву эпидемиологӣ ба ҷавобгарӣ кашидаанд.
Модари 32-солаи се фарзандро баъд аз он ба ҷавобгарӣ кашидаанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, зани ҷавоне аз тирезаи бинои баландошёнае дар Душанбе ба майдончаи бозии кӯдакон дар зери бино зарфҳои пластикиро поин меандозад. Аз поён ҳам чанд нафар эътироз мекунанд, ки чаро зан чунин рафтори нодуруст мекунад. Раёсати умури дохилӣ гуфтааст, ки ин зан гӯё барои осон шудани кораш
“аз боло зарфҳои пластикиро ба поён ҳаво додааст.” Аммо худи Нозанин Тиллоева дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст. Санаи ҳодисаро нагуфтаанд, вале раёсат гуфтааст, ки баъди шикояти корбарони зиёде дар Фейсбук “гунаҳкор”-ро пайдо кард.
Дар баёния омадааст, ки барои чунин рафтор ба зидди Нозанин Тиллоева, сокини Душанбе бар асоси моддаи 112-уми Кодекси маъмурӣ, яъне риоят накардани қоидаҳои беҳдоштӣ парванда боз кардаанд ва ҳоло он мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар сурати тасдиқ шудани иттиҳомот мумкин аст, ин занро то 175 сомонӣ ҷарима кунанд. Риоят накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва покиза нигаҳ надоштани гирду атрофи маҳалҳои истиқомат дар Душанбе солҳои ахир яке аз мавзӯъҳои доғ ва бахусус дар байни корбарони Фейсбук шудааст.