Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2020

Русия марзҳояшро баст. Чораҳои сахт дар Маскав барои пешгирӣ аз коронавирус

0
Русия марзҳояшро баст. Чораҳои сахт дар Маскав барои пешгирӣ аз коронавирус

Мақомоти Маскав эълон карданд, ки барои пешгирӣ аз афзоиши бемории коронавирус, сар аз имрӯз, душанбеи 30-юми март дар ин шаҳр маҳдудиятҳои сахт ҷорӣ хоҳад шуд. Рӯзҳои ахирн дар пойтахти Русия мавридҳои зиёди гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шуд ва ин амр мақомотро водор кард, ки чораҳои сахттар рӯи даст бигиранд. Пойтахти Русия бо 12 миллион аҳолӣ, мизбони ҳазорон муҳоҷири тоҷик низ ҳаст ва чунин маҳдудиятҳо ба кору зиндагии онҳо низ бетаъсир намемонад.

Ҳамакнун сокинони пойтахти Русия танҳо иҷозат доранд, ки барои барои харид аз фурӯшгоҳи маводи ғизоӣ ва дорухона, ниёз ба муолиҷаи тиббии фаврӣ ва андохтани партовҳо, ба берун бароянд.

Ба онҳое, ки бинобар зарурат бояд ба ҷойи кор бираванд, низ иҷозат дода мешаванд, ки аз хонаҳояшон берун шаванд. Мақомот мегӯянд, ки рӯзҳои оянда низоми нави гаштугузорро эълон хоҳанд кард.

"Қадам ба қадам, аммо ба таври пайваста мо дар шароити мавриди ниёз назорати сахтгиронаи худро ҳифз хоҳем кард",-гуфт Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав рӯзи 29-уми март.

Айни замон дар Русия 1500 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст, ки 270 ҳолати он дар 24 соати ахир мебошад",- мегӯянд мақомоти тандурустии Русия. Ба иттилои Маркази мубориза бо бӯҳрони коронавирус, то кунун дар Русия 8 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд. Бештари ҳолатҳои гирифторӣ --197 мавриди нав дар шаҳри Маскав сабт шудааст.

Мақомоти тандурустии Русия ҳушдор додаанд, ки бинобар мавридҳои гирифтории зиёд ба ин беморӣ дар Маскав, дар рӯзҳои оянда афзоиши бештари шумораи мубталоён дар ин кишвар пешбинӣ мешавад.

Сар аз 28-уми март мақомот дар Маскав ҳамчунин марказҳои савдо, каҳвахонаҳо ва паркҳоро ба муддати як ҳафта бастанд. Мақомоти Маскав аз сокинон хостанд, ки дар манзилҳояшон бимонанд. Барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст.

Ҳамзамон, ҳукумати Русия эълон кардааст, ки ба хотири пешгирӣ аз густариши ин беморӣ ба таври муваққатӣ ҳамаи марзҳои худро сар аз 30-ми март мебандад. Ин маҳдудиятҳо шомили дипломатҳои Русия ва ронандагони мошинҳои борбар намешавад.

Маскав шаҳре аст, ки дар он намояндадгони миллатҳои мухталиф кор ва зиндагӣ мекунанд. Теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик ҳам дар ин шаҳр машғули кор ҳастанд. Ҳазорон донишҷӯёни тоҷик низ дар донишкадаҳои ин шаҳр таҳсил мекунанд.

Шӯҳратёр Фирузӣ, унвонҷӯи Академияи дипломатии Русия 30-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз имрӯз шароити карантин дар пойтахтти Русия шадидтар шудааст. "Ҳоло танҳо барои харидории ғизо ва доруворӣ ба кӯча баромадан иҷозат шудааст. Ҳамчунин, нафароне, ки кор мекунанд, ҳақ доранд то ба ҷойи кор бираванд. Нақлиёти ҷамъиятӣ бо шумулии автобусу троллейбусҳо ва таксиву метро фаъол мебошанд. Аммо, тибқи муқаррарот то 5-уми апрел ҳамаи сокинон вазифадор шудаанд, дар хона бошанд".

Русия ҳамчунин барои пешгирӣ аз паҳншавии ҳарчи бештари коронавирус парвози ҳавопаймоҳоро аз фурудгоҳҳояш ба хориҷа ва аз хориҷ ба ин кишвар манъ кард. Мақомоти Русия гуфтанд, аз 27-уми март парвозҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ (чартерӣ) аз Русия ба хориҷ манъ карда мешавад.

Шумори гирифторшудагон ба бемории COVID-19 дар Русия дар муқоиса ба бисёре аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ зиёдтар аст. Тибқи омори ахир, дар Русия 1500 мубталои коронавирус ҳастанд. Гирифтории одамон ба ин вирус дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар тасдиқ шудааст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 25-уми март дар пасманзари гирифториҳо ба коронавирус баргузории ҳамапурсӣ барои ислоҳи Конститутсияро ба таъхир андохт. Қарор буд, референдум 22-юми апрел баргузор шавад. Ин ислоҳҳо ба Путин имкон медиҳад, ки то соли 2036 дар қудрат монад.





Губернаторы России
Москва

Собянин посетил парад кадетского движения «Не прервется связь поколений!»





Москва

Новости фармацевтики в России и в мире


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: Кадетское движение объединяет смелых, умных ребят



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Михаил Кутушов

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


Елена Рыбакина

Рыбакина, Путинцева и Бублик стартуют на Ролан Гаррос. Кто в соперниках и чего ждать?



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


ЦСКА

Почта России помогла детям-подопечным благотворительных фондов встретиться с футболистами ЦСКА



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России