Фавти шаҳрванди дувуми Қазоқистон аз коронавирус
Сардори Идораи тандурустии шаҳри Нурсултон Сауле Кисикова рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар яке аз бемористонҳои пойтахти Қазоқистон як бемор бар асари коронавирус ҷон бохтааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин марди 50-соларо 21-уми марти соли равон кормандони "ёрии таъҷилӣ" ба беморхона интиқол дода буданд. "Як моҳ беморӣ кашидааст. Ӯ ба хотири сафари хидматияш ба ёрии тиббӣ муроҷиат накардааст. Ҳоло ҷамъан 31 нафар аз аъзои хонавода, дӯстон ва ҳамкоронаш бистарӣ карда шудаанд",-афзуд Кисикова.
Ҳамчунин 50 каси дигар, ки бо ин мард тамос доштанд, карантини хонагӣ ва дар ду узви хонаводааш коронавирус ошкор карда шудааст.
Мақомоти Қазоқистон 26-уми март аз нахустин қурбонии коронавирус дар ин кишвар хабар доданд. Зани 64-солаи мубтало ба коронавирус аз вилояти Акмолин дар бемористони Нурсултон ҷон бохта буд.
Дар Қазоқистон то 31-уми март 325 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, ҳамакнун шумори фавтидагон аз он ба ду кас расид.