Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2020

Мухолифати Фаронса ва Австралия ба озодсозии бархе зиндониёни Толибон

0
Мухолифати Фаронса ва Австралия ба озодсозии бархе зиндониёни Толибон

Мақомоти афғон мегӯянд, ки монеаҳои наве дар роҳи оғози музокироти байни афғонҳо ба миён омадааст ва ҳукумат талош дорад онҳоро бартараф кунад ва кишварҳоеро, ки мухолифи озодсозии шуморе аз зиндониёни Толибон ҳастанд, қонеъ созанд. Фаронса ва Австралия аз ҳукумати Афғонистон хостаанд он Толибонеро, ки дар қатли сарбозони фаронсавӣ ва австралияӣ даст доранд, озод накунад.

Фаридун Хузун, сухангӯи Шӯрои олии мусолиҳа дар сӯҳбат бо расонаҳо таъйид кардааст, ки бар асоси мухолифати бархе кишварҳо, раванди озодсозии зиндониён ба мушкил рӯбарӯ шудааст. Ба гуфтаи вай, ҳукумат талош дорад ин мушкил ба шакле ҳал шавад, ки на фурсати сулҳ аз даст равад ва на ҳам робитаҳои дӯстонаи байналмилалӣ сард шавад.

Азизуллоҳ Фазлӣ, мушовири вазорати давлат дар умури сулҳ низ ба Радиои Озодӣ гуфт, талошҳо барои бардошта шудани монеаҳо барои оғози гуфтугӯҳо миёни афғонҳо идома дорад. Вай афзуд, "ҳама сарбозони кишварҳои хориҷӣ, ки инҷо зери чатри НАТО фаъолият доштанд, табиӣ аст, ки талафот додаанд. Ин мавзӯъҳо дар созиш миёни Амрико ва Толибон дар Қатар мавриди баҳс қарор гирифтааст. Мушкили калон нест, иншоаллоҳ ҳал мешавад".

Ба гуфтаи оқои Фазлӣ, раванди озодсозии зиндониён имрӯз, душанбеи 17-уми август дигарбора оғоз мешавад ва шуморе аз онҳо раҳо хоҳанд шуд. Ӯ ҳамчунин гуфт, аксари аъзои тими музокиракунандаи ҳукумат  визаи Қатарро гирифтаанд ва барои ширкат дар гуфтугӯҳо омодагӣ доранд.

Вазорати умури хориҷии Фаронса рӯзи шанбе дар як эъломия қотилони сарбозони фаронсавиро террорист хонд ва гуфт, онҳо бояд озод нашаванд ва ин, ки номҳои ин зиндониён дар феҳристи зиндониёни озодшуданӣ аст, барои Порис нигаронкунанда мебошад.

Нахуствазири Австралия низ ҳафтаи гузашта ба озодии як узви гурӯҳи Толибон бо номи Ҳикматуллоҳ -- муттаҳам дар қатли се сарбози австралияӣ мухолифат кард ва гуфт ин масъаларо бо Амрико дар миён гузоштааст, то ҷилави озодии ӯ гирифта шавад. Ҳикматуллоҳ, ки дар сафҳои нерӯҳои амниятии афғон кор мекард, дар соли 2012 се сарбози австралияиро кушта буд. 

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳафтаи гузашта дар як ҷаласаи онлайнӣ бо Шӯрои робитаҳои хориҷии Амрико гуфт, дар мавриди ин пешниҳоди Австралия фикр мекунанд. Оқои Ғанӣ дар ҳоле инро гуфт, ки бар асоси хости Луя Ҷиргаи машваратӣ, дастури озоди 400 зиндонии толибро имзо кард, ки ба гуфтаи ҳукумат ба ҷурми куштор, қочоқ, террор ва одамрабоӣ зиндонианд.

Коршиносон мегӯянд, ки монеаҳои пешомада бояд аз роҳҳои дипломатӣ ҳал шаванд.

Фаронса замоне мухолифи озодсозии зиндониёни Ҳизби исломӣ ва берун кардани номи Гулбиддин Ҳикматёр аз "феҳристи сиёҳ" буд.

Толибон борҳо озодсозии зиндониёни худро талаб карданд ва рӯзи якшанбе изҳороти Ғаниро рад карданд, ки гӯё ин зиндониён барои ҷаҳон таҳдид мебошанд. Дар эъломияи Толибон омадааст, ки ҷангҷӯёнашон барои касе таҳдид нестанд ва ба хотири дифоъ аз озодии кишвар зиндонӣ шудаанд. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки бо пурра озод шудани зиндонинаш, музокироти байналафғониро оғоз мекунанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково





Москва

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Песня

Ротация на Радио. Ротация песен на радио. Радиоротация. Песни на Радио.




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер


Ролан Гаррос

Мирра Андреева вышла во второй круг Открытого чемпионата Франции



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России