Худоёр Худоёрзода гуфт, саломатиаш хуб аст, аммо ҳарфи ниҳоиро табибон мегӯянд
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки ҳашт рӯз пеш бо захми корд дар бемористон бистарӣ шуд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳолаш хуб аст, аммо ҳанӯз зери назорати пизишкон қарор дорад.